Дирӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар толори Театри ба номи Сайдалӣ Вализода чорабинии тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди баромадани ҷанговарони тоҷики қушунҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон баргузор шуд, ки дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр, Сафаралӣ Халилзода, сардори гурӯҳи фаври Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Бахтиёр Раҳимов, раиси ташкилоти ҷамияти башардӯстон дар шаҳру минтақаи Кӯлоб, Исмоилзода Саймурод, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар минтақаи Кӯлоб ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Пас аз садо додани Суруди миллии мамлакат иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр ба сухан баромада, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба санаи сарбаландона баъд аз адои қарзи башардӯстона хориҷ шудани нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон табрику муборакбод гуфтанд.
Гуфта шуд, ки дар ин ҷанги шадид беш аз 15 ҳазор ҷавони Шӯравӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо ҷон доданд ва ҳазорҳо нафар бо осебҳои гуногун баргаштанд. То ҳанӯз мову Шумо он рӯзҳои вазнинро дар ёд дорем ва хотираи шаҳидони Ватанро ҳамеша пос медорем.
Сафаралӣ Халилзода, сардори гурӯҳи фаври Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд дошт, ки аксарияти Шумо дар солҳои 1991-1993, яъне авҷи даргириҳо дар паҳлӯи Ҳукумати конститутсионӣ қарор доштед, бо террористони наҳзатӣ ҷангидед, захмӣ шудед, ҷон додед, вале ба Ватан ва савганди ҳарбии хеш содиқ мондед. Зиндагиномаи Шумо барои ҷавонони имрӯза дарси садоқат ва ҷавонмардӣ аст.
Бахтиёр Раҳимов, раиси ташкилоти ҷамияти башардӯстон дар шаҳру минтақаи Кӯлоб ва Исмоилзода Саймурод, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар минтақаи Кӯлоб низ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш дар назди ҳозирин атрофи роҳҳои тайнамудаи баромадани ҷанговарони тоҷики қушунҳои шуравӣ аз хоки Афғонистон ва 33-юмин солгарди ин рӯзи таърихӣ баромад намуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор ҷанговарони тоҷики қушунҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳамчунин шахсият тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарстӣ ва далериву ҷасорат бахшида ба Рӯзи хуруҷи қушунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.
Дар охир, қисмати фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳунарии бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба аҳли нишаст суруду шеърҳои дилнишин, ки фарогири мавзӯи ватандӯстиро дар бар мегирифт бо маҳорати баланд пешниҳод ва рӯҳи ҳозиринро болида сохтанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб