ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пур мешавад. Ба ин муносибат ҳамагонро табрику таҳният гуфта, пеш аз ҳама саломатӣ, рӯзгори хурраму осуда, сулҳи абадӣ ва осмони софу беғубор таманно менамоям.

Ба забони русси  Национальная армия – надежный щит нации, народа и государства!

Бояд ёдовар шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун артиши воҳид ҳамагӣ якуним сол баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар давраи мураккаби таърихи кишвар таъсис ёфт. Артиши миллии мо дар фарқият аз игар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ бе доштани оддитарин заминаҳои моддиву техникӣ арзи вуҷуд кард. Вале аз баракати ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати садоқатмандонаи ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ қобилияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро соҳиб гашт.
Аз ибтидои таъсис то ҳозир ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ аз имтиҳони таърих гузашта, борҳо садоқати худро ба Ватану миллати хеш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар собит кардаанд.
Пешвои муаззамит миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест” Бинобар ин аз лаҳзаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ ба пуррагардонии сафи он, таъминоти моддӣ-техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сарбаландона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ шахсан таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Ба мушкилиҳои зиёд дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат нигоҳ накарда, Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри ҳарчи тезтар муътадил гардидани вазъият дар кишвар, барои таъсиси ҷузъу томҳои зарурии ҳарбӣ, аз ҷумла Қушунҳои пиёдагард, сарҳадӣ, қисмҳои дохилӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Горди миллӣ, Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ғайраҳо кӯшиши зиёде ба харҷ дод.

Бо мурури замон ҳамаи масъалаҳои марбут ба таъминоти моддӣ - техникии сохтори низомӣ ва шароитҳои зарурии хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ асосан ҳалли худро ёфтанд. Дар баробари ин, масъалаи таъмини Қувваҳои мусаллаҳ бо кадрҳои баландихтисосу обутобёфта низ ҳаллу фасл карда шуд. Ин буд, ки ҳоло Қувваҳои мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд. Давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва ба онҳо ифтихор доранд.
Ҳамзамон, дар тӯли солҳои мавҷудияти худ Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон собит намуданд, ки яке аз рукнҳои асосии бақои давлату миллат мебошанд. Зеро ҳимояи марзу бум, таъмини якпорчагии меҳан, сулҳу субот, таҳкими қонуниятро ба души худ гирифта, инак 29 сол мешавад, ки ин вазифаҳои муқаддасро бо сари баланд амалӣ карда истодаанд.
Мардуми тоҷик, ки тӯли ҳазор сол давлати худро аз даст дода буд, дар охири садаи 20 соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ гашт ва орзуву омоли аҷдодони озодихоҳи худро ҷомаи амал пушонд. То ин сарзамини муқаддас абадан дороии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, моро мебояд Ватанро самимона дӯст дорем ва ҳар як ваҷаби хокашро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳимоя кунем.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки “Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем”. Боварӣ дорем, ки ҷавонони саодатманди Тоҷикистон, алалхусус ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб ин суханони падаронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, бо хизмати намунавӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ садоқати худро ба Пешвои муаззами миллат ва Ватани азизи худ ҳамеша собит месозанд.
Баҳри гулгулшукуфоии замини аҷдодии хеш, ба кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба ояндаи дурахшони Ватан дилпур сохтани насли нав, хурду калон бояд шабонарӯзӣ дар хизмат бошем. Боз ҳам ба қавли Пешвои муаззами миллат: “Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳаёти худро ба он равона созем, то мардуми шарифи Тоҷикистон дарк намоянд, ки Артиши миллии мо қобилияти ҳифзу марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта ба сар барад”.
Азбаски сарбозону афсарони шуҷои Қувваҳои мусаллаҳ бо ҷонфидоиҳои бемисл на як бору ду бор вафодории худро ба Ватан, давлат ва миллати хеш собит кардаанд, бо боварӣ метавон гуфт, ки онҳо минбаъд низ баҳри иҷрои вазифаи муқаддаси худ - ҳифзи кишвар, манфиатҳои давлату миллат омода мебошанд.
Имрӯз дар робита бо вазъияти мураккабу шиддатноки сиёсати ҷаҳонӣ, афзоиши хатарҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар навбати аввал ташаккул ёфтани чунин зуҳуроти номатлуб, ба монанди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ, маводҳои ғаразноку пуртуҳмати шабакаҳои интернетӣ ва монанди ин масъалаҳои глобалӣ, Қувваҳои мусаллаҳро мебояд дараҷаи баланди омодабошӣ дошта бошанд. Мо бо тамоми вуҷуд дарк намоем, ки сарбози ҳамин кишварем ва дар ҳар замоне зарур шавад ба ҳимояташ бармехезем.
Дар охир бори дигар ҳамаи ҷавонмардони шуҷои Ватанро ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба Шумо сиҳативу саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан комёбиҳо таманно менамоем.
Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP