Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунандаи соҳа барои таҳкими асосҳои меъморӣ-ҳуқуқӣ заминаи методию  иттилоотии  соҳа,  Оинома, нақшаи чорабиниҳо, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории  чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ ва солимгардонӣ, таъмини ширкати фаъолонаи ҷавонони шаҳрро дар чорабиниҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ равона намуд.

javononБа маълумоти Шумо мерасонам, ки собиқ кинотеатри “Гулистон” 7 майи соли 1999 таҳти рақами №144 бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб ва шаҳодатномаи сабти моликияти хусусӣ ХТ №0010058 аз ҷониби роҳбари компанияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Рустамов Сафармад харидорӣ карда шудааст. Роҳбари компанияи зикргардида, рӯзи 20 сентябри соли 2004 ба унвони  Раиси  вилояти  Хатлон муҳтарам  А.Миралиев ариза навишта хоҳиш кардааст, ки ба муносибати таҷлили 2700 солагии шаҳри Кӯлоб мехоҳад барои таъсис додани Маркази ҷавонон, кинотеатри “Гулистон”-ро ҳамчун туҳфа ба Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Кӯлоб ҳадя намояд.

    Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб, бо қарори Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам  Ҳ. Абдуллоев аз 11.08.2008  таҳти №469 дар назди Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр таъсис дода шудааст. Шаҳодатномаи Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб таҳти рақами бақайдгирии давлатӣ аз 27.08.2008 таҳти рақами 003-2016 дар Раёсати адлияи вилояти  Хатлон ба қайд гирифта шудааст ва дар кучаи С.Сафаров ҷойгир мебошад. Тибқи қарори раиси шаҳри  Кӯлоб  А.Зардиев аз 17 марти соли 2005 таҳти рақами №66 оиди вобаста намудани бинои кинотеатри “Гулистон” ба Бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба имзо расидааст.

   Ҳайати кории Марказ аз директор, муҳосиб, мудири қисми хоҷагӣ ва фаррош иборат буда, дар дохили бино 5 утоқи корӣ  ва 1 толори маҷлисгоҳ мавҷуд мебошад.

   Бояд қайд намуд, ки дар Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо дастгирии молиявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кутоҳмуддати забонҳои хориҷӣ русӣ, ангилисӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, маҳфили ҳаваскорон ва маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” ва Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  Дар курсҳои кӯтоҳмуддати зикргардида мунтазам  ҷавондухтарони маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.

   Лозим ба ёдоварист, ки дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб тамоми чорабиниҳои маърифативу сиёсӣ, фарҳангиву фароғатии ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад ва он ҳамчун маркази таълиму тарбия, ва тарбиятдиҳандаи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ,  худшиносиву худогоҳи ба ҳисоб меравад.

Дар Марказ мунтазам чорабиниҳои мақсаднок бо ҷалби васеи ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб гузаронида мешавад, ки ин ҳам бошад боиси пешгирии насли наврасу ҷавон аз омилҳои номатлуб гардида, дар замири ҷавонон ҳисси баланди худшиносиву худогоҳи ва ҳувияти миллиро бедор месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP