Корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб соли 1937 ташкил шуда, дар тобеияти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҳумкурии Тоҷикистон қарор дорад. Директори корхона Шарифзода Миралӣ Саъдулло, ҷонишини директор Салимзода Исфандиёр Абдусаттор, сармуҳандис Сафаров Ҳукматулло Боронович ва сармуҳосиби корхона Толибов Аҳрор Саидович, мебошанд, ки бо фармони директори генералии КВД «ХМК» таъин шудаанд.

Айни замон дар корхона 192 –нафар корманд фаъолияти корӣ намуда истодаанд. Корхона аз ҳайати маъмурb, Истгоҳҳои насоси 1,2,3,4,5-ум, шуъбаи механикӣ, шуъбаи мизоxон, шуъбаи назорати обтаъминкунӣ ва канализатсия, қитъаи обтаъминкунӣ, қитъаи канализатсия ва иншооти обҳои истифодашуда иборат мебошад. Корхона аз се манбаъ:
1. Xангалак;
2. Панҷсола;
3. Теболай ;
Аҳолии шаҳри Кӯлоб, ташкилоту муассисаҳо, деҳаҳои Файзобод, В.Шамсов, Сариосиёб, Кӯҳнашаҳри ҷамоати деҷоти Зарбдор, деҳаи Тудакафши xамоати деҷоти Кӯлоб ва деҳаҳои Боғи Ҳабиб, Теболай ва як қисмати деҳаи Тутои ноҳияи Муъминободро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд.
Дарозии умумии қубурҳои оби нӯшокӣ зиёда аз 189 км-ро ташкил менамояд, ки аз ин 35 км шоҳқубурҳои d-300мм ва 1200 мм мебошад. Дарозии умумии хатҳои обҳои истифодашуда (канализатсия) ба 64 км мерасад, аз ин 19 киллометрашро коллекторҳои асосӣ ташкил менамояд. Зиёда аз 65-70%-и аҳолии шаҳри Кӯлоб ва ташкилоту муассисаҳо аз иншооти «Xангалак» бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд. Дар маҷмӯъ дар як шабонарeз аз чашмаҳо ва чоҳҳои амудӣ иншооти Xангалак аз 31000 то 32000 м3 об истеҳсол карда мешавад. Аз иншооти обтаъминкунии деҳаи Теболай 2500 м3 ва аз иншооти обтаъминкунии деҳаи Панҷсола ба миқдори 8640 м3 оби тозаи ошомиданӣ истеҳсол карда мешавад. Дар умум дар як шабонарӯз то 35140м3 оби нӯшокӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар айни замон 78 % -и аҳолии шаҳр мувофиқи реҷа бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд. Зиёда аз 60 фоизи аҳолӣ ва ташкилоту муассисахои шаҳр аз хизмати канализатсия истифода мебаранд.
Маҳаллахои шахри Кӯлоб мувофиқи реҷаи муайянкардашуда аз 6 то 12 соат дар як шабонарӯз бо оби нeшокӣ таъмин карда мешаванд. Аз сабаби афзоиш ёфтани аҳолӣ, бунёди маҳаллаҳи нав ва корхонахои хурди истеҳсолӣ, иншоотҳои обтаъминкунии корхона имконияти дар як шабонарeз 24 соат бо оби нeшокӣ таъмин намудани аҳолиро надорад. Барои муътадил бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, маҳаллаҳои навбунёд ва корхонаю ташкилотҳои шаҳр «Лоиҳаи бо оби нӯшокӣтаъмин намудани шаҳри Кӯлоб» рафта истодааст. Дар лоиҳа дар баробари кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, инчунин сохтмони истгоҳҳои насосӣ ва обанборҳои захиравӣ ба инобат гирифта шудааст., ки айни замон барои корҳои сохтмонӣ интихоби заминҳо рафта истодааст.

 

 

 

 

 

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP