Маълумотнома

Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб, яке аз муассисаҳои калонтарини шаҳру минтақаи Кӯлоб ба шумор рафта, тавозуни алоҳида дорад. Таъсисёбии он 25 апрели соли 1936 мебошад. Масоҳати он то оғози азнавсозӣ 5,77 гаро ташкил медод.
Боғи марказии фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 10 сентябри соли 2019 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як тантанаи бошукуҳ кушода шуд. Боғи мазкур дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурӣ дар муддати 7 моҳ пурра азнавсозӣ гардид.

bogi hamadoni2

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли равон дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб корҳои азнавсозӣ шуруъ гардиданд. Таҷдиду азнавсозии боғи фарҳангию фароғатӣ аз тарафи сохтмончиёни корхонаи фаръии давлатии алюминий сохтмон амалӣ карда шуд. Дар давоми азнавсозӣ зиёда аз 300 нафар кормандони корхонаи алюминий сохтмон ва шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор фароъ гирифта шуданд.
Барои боз ҳам зебою дилчасп шудани ҳусни боғ 300 адад дарахтони ҳамешасабз аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, шинонида шуданд. Инчунин наздики 200000 бех гулҳои ҳархелаи мавсимӣ кучат карда шуданд.bogi hamadoni5


Масоҳати 30000 метри мурабба сабзапуш ва масоҳати наздики 12000 метри мурраба роҳравҳо сафолакпуш карда шудаанд. Дар макони «Сайри Фаронса» 8 дукончаи бо тарҳи зебои аврупоӣ сохташуда, манораи Эйфил, пирамидаи шишагӣ рамзи осорхонаи Лувр, пайкараҳои нахчир ва бабри барфӣ, қаҳвахонаи «Ля де пе» ҷой дода шудаанд, ки ба боғ ҳусни нав зам намудаанд. Дукончаҳои сохташуда ҳамчун намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ: оҳангарию заргарӣ, чакандузию адрасбофӣ, рассомӣ, истифода бурда мешаванд.
Майдончаҳои баскетболу волейбол, тениси калон, варзишӣ пурра азнавсозӣ карда шуданд. Дар боғ 6 адад фаввораҳои бо чароғакҳои равшанидиҳанда муҷаҳҳаз бунёд карда шуда, зиёда аз мӣт лд150 адад чароғҳои замонавӣ,12 адад қандилҳои овезон насб карда шуданд. Атрофи дарахту буттаҳо ва иншоотҳо бо чароғҳои равшанидиҳанда ҷиҳозонида шуданд.bogi hamadoni3
Айни замон 11 адад атраксионҳои замонавӣ, картинг, майдончаи дучархаронӣ дар хизмати шаҳрвандон қарор доранд. Толори дуошёнаи шоҳмотбозӣ бо тарҳи зебо сохта шуда, бо тамоми анҷоми зарурӣ аз қабили мизу курсӣ, телевизору конденсионер, шоҳмоту соат ҷиҳозонида шудааст, 60 адад курсиҳои нишаст дар ҳудуди боғ баҳри истироҳати шаҳрвандон гузошта шудаанд. Барои таъминоти об дар қисмати болои боғ 3 адад зарфҳои обгирии ғунҷоишашон калон хобонда шуданд.
Барои нигоҳдории тозагии боғ 2 адад мотороли обкашию, партовбарии бо сузишвории дизелӣ ҳаракаткунанда ва 1 адад электромобил, 4 адад дастгоҳҳои алафдаравӣ харидорӣ карда шуданд. Барои эълони хабарҳо, шунавонидани суруду мусиқӣ дастгоҳи замонавии пахшкунандаи беноқил ва баҳри дар сатҳи зарурӣ қарор додани амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ҳудуди боғ бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
Ҳамзамон тамоми гулгашту бутазорҳои тозабунёд бо қубурҳои обдиҳӣ насб карда шуданд, ки тавассути онҳо дарахтону буттаҳои воридкардашуда бо об таъмин карда шуда, зиёда аз 400 метри атрофи боғ панҷара гирифта шудааст.

 bogi hamadoni4

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP