Табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шуморо ба фарорасии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, боварӣ дорем, ки дар ҳамбастагӣ амну суботи қавӣ ва ҳаёти осоиштаи абадии мамлакатро таъмин менамоем.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «… ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир пойдор нест». Воқеан ҳам, Артиши миллӣ нишон аз пойдории давлату миллат аст. Аз ин ҷост, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон, таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, бахусус Артиши миллӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёфт. Бинобар ин сарфи назар аз вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ, Тоҷикистон таҳти сарварии роҳбари хирадманди худ Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ, аз сифр ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар фарқият аз дигар ҷумҳуриҳое, ки дар натиҷаи пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, мустақил шуданд, кишвари мо барои бунёди Артиш ягон заминаи моддию техникӣ надошт. Вале Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию молиявӣ таъсиси Қувваҳои мусаллаҳро пешаи худ қарор дод ва дар як муддати кутоҳ дар ин ҷода ба мувафақиятҳои зиёд соҳиб гардид. Кадрҳои баландихтисоси низомӣ омода карда шуданд, ҷузъу томҳои махсус таъсис ва бо техникаву таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гаштанд, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор бо суръати баланд роҳандозӣ гардид. Тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои зарурӣ ба бор оварданд ва Артиши миллӣ бо азму иродаи қавӣ ҳама мушкилиҳоро бартараф карда, марҳила ба марҳила устувор шуд ва давра ба давра шакл гирифта ба як неруи пурқудрат табдил ёфт. Ҳоло бо шарофати заҳмату кӯшишҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида ва бошуҷоату Ватандӯст яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукни муҳими давлатдорӣ мебошад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳонию минтақавии соҳа, Артиши миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин Қувваҳои мусаллаҳи минтақа ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, набояд фаромӯш сохт, ки хизмат дар сафи чунин Артиш бояд мақсаду маром, ифтихор ва шарафи ҳар як ҷавони бо нангу номуси Ватан бошад.
Бо истифода аз фурсати муносиб зарур медонам ёдрас шавам, ки мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Моро дар пеш маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ интизор мебошад. Бинобар ин, дар чунин рӯзи ба ҷавонони Кӯлобшаҳри бостонӣ муроҷиат карда, даъват ба амал меорам, ки барои иҷрои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан-Модар омодагӣ бигиранд. Дар хотир дошта бошанд, ки тибқи фармудаи Пешвои муаззами миллат «Барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд». Муҳофизати хоки поки Ватан бошад қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди соҳибхирад ва баору номус аст.
Бо маврид аст хотирасон кунам мо нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бинобар сабаби он, ки ҷавононамон ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ зоҳир намуданд, дар як муддати кутоҳ иҷро кардем. Боварӣ ва умед дорем, ки нақшаи даъвати баҳорӣ боз ҳам тезтар таъмин мегардад.
Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.
Бигузор Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам қавитар бошанду осмони кишвари биҳиштосоямон софу беғубор монад ва мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар баранд.
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар муборак бошад!