Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои хурофотпарастӣ аз қабили ҷинояткорӣ, худсӯзию худкушӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъамандӣ ва омилҳои номатлуб дар ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ бо фаъолон ва сокинони ҷамоат баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро, Сардори раёсати ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Сабоҳат, Сардори раёсати кор бо оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, мудири бахш оид ба корҳои дин (танзим)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо, тавре ки баромадкунандагон иброз доштанд, ин решакан сохтани зуҳуротҳои номатлуб дар ҷомеа, дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, ташкили оилаҳои солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни сокинон, аз байн бурдани бегонапарастӣ миёни занону бонувон ва ба ин васила тарғиби фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои аввали истиқлолият давраи мураккаби ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, маҳз бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ тавонист пояҳои давлатдориро таҳким бахшад ва роҳи рушди устуворро интихоб намояд.Ваҳдати миллӣ барои давлатҳое, ки аз марҳалаҳои буҳрони дохилӣ гузаштаанд, на танҳо як арзиши маънавӣ, балки асоси устувори рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Дар ин раванд, ташаббусҳо ва сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши ҳалкунанда ва таърихӣ доранд.
Ваҳдати миллӣ ба сифати арзиши волои умумимиллӣ дар таҳкими сулҳ, амният ва пешравии ҷомеа нақши калидӣ дошта, дар саҳифаи таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳри сарнавиштсоз гузоштааст. Таҳкими сулҳ ва амнияти миллӣ дар пешравии ҷомеаи навин ҳамчуни сутуни устувор боқӣ гузоштааст.
Ваҳдат ибораест, ки дар он инсонҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, халқияту давлатҳо дар ҳудуди муайян, эҳсоси ягонагӣ, осоиштагӣ, ҳамсириштӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пойдории миллат ва фазои созандаи кишвари воҳидро дар муҳити солим дарк мекунад ва аз фазои шаҳдбори он осоиш мебинанд. Барои ба вуҷуд омадан, пойдор ва хусусан, бегазанд гардидан, як халқ ва ё миллат бояд ин ваҳдату осоиштагиро дар ҷисму ҷони худ бигзорад ва имтиҳонҳои гарони сарнавиштро бо пирӯзӣ пушти сар намояд.
Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳимми таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
Дар айни замон аз баракати ин санади сарнавиштсози миллат, корҳои зиёди бунёдӣ дар саросари мамлакат босуръат идома ёфта истодаанд. Рушди соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа аз бунёди муассисаҳои томактабӣ то нерӯгоҳҳои азими кишвар, ки нуфузи ҷаҳониро дороанд, ҳанӯз аз саргаҳи ба имзо расидани созишномаи Ваҳдати миллӣ ба назар мерасид ва то инҷониб дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазиранд. Ваҳдати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳон эътироф намуда, миллати тоҷикро аз бузургтарин халқиятҳои маърифатпарвар ва ваҳдатқарину ваҳдатофар мешиносанд
Мардуми шарафманди Тоҷикистон, ки имрӯз дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорад, ба якояки онҳо зиндагии шоиста ва рӯзгори обод таманно мекунем. Сулҳу субот, амният ва пешравии Тоҷикистони азиз ҷовидонӣ бод! Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!
Воҳидова Рафоат
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи
умумии №53-и шаҳри Кӯлоб
«Ман кори худро аз сулҳу салоҳ ва пойдории он оғоз мекунам. То рӯзе, ки охирин гурезаи тоҷик дар мулки ғарибӣ аст, ман дар Ватан осуда наметавонам зист».
Эмомалӣ Раҳмон
Ваҳдати миллӣ, ки маҳз бо шарофати талошҳои фарзанди барӯманди миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Созишномаи истиқрори Сулҳ ва созгории миллӣ ба даст омад, ба мардуми тоҷик қувваю тавоноӣ бахшида, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардум дар шароити шаклгирии давлатдории навин заминаи мустаҳкам гузошт.
Акнун, ин калимаи «ваҳдат» як вожаи барои ҳама фаҳмо, дилчасп, дилнишин, форам ва рӯшан аст. Аз ин ҷост, ки ин мафҳумро бисёр одамон як калимаи оддии ба дилашон наздик ва дар суҳбатҳояшон мавриди истифодаи умум мепиндоранд. Ваҳдат баробари калимаи Ватан, Модар, Сулҳ, Озодӣ, Дӯстӣ ва Муҳаббат қарор гирифтааст, яъне аз хурд то бузург маънии ин калимаро мефаҳманд.
Аз ин шукр мекунем. Бо итминон мегӯем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи худ расиданд. Яъне ваҳдатро ба вожаи оддӣ дар муносибати байни одамон табдил доданд.
Сарвари давлат бо як боварӣ ва самимият мардумро бовар кунонид, ки «Ба шумо сулҳ меорам». Боз ҳам садои гирои ин абармард буд, ки дар он шабу рӯз баланд садо медод. «Мо якдигарро мебахшем. Мо миллатамонро соҳибӣ мекунем. Ватанамонро обод мекунем. Бахшидани гуноҳи якдигар бисёр душвор аст, фақат ҷавонмард метавонад гуноҳи якдигарро бубахшад».
Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Радиои Тоҷикистон барномаи «Хоки Ватан» таҳия шуд ва ҳарфи нафарони дар ду соҳили дарёи Омӯ ҷудошударо ба ҳам мерасонд. Ба мардум ва рӯҳияи онҳо боз ҳам суханони қотеонаи Эмомалӣ Раҳмон муассир буд. «То охирин гуреза ба Ватан барнагардад, худро ором ҳис намекунам».
Ин ҳарфҳо бетаъсир намемонданд, аммо барои одамон самимияти бештар зарур буд, ки он ҳам боз аз забони сиёсатмадори ҷавону хирадпеша, Эмомалӣ Раҳмон садо дод:
«Бародарону хоҳарони дур аз Ватан, ба Ватан баргардед. Мо ба Шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем, аммо аз як бурда ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактаббатон ва хешовандону наздиконатон интизор аст».
Чун мардум ташнаи сулҳ буданд ва дар симои роҳбари нави Тоҷикистон ҳомии худро медиданд, ҳар чӣ зудтар мехостанд ба хонаҳои худ баргарданд. Аммо мухолифин, ки ин мардумро бо фиребу найранг ба Афғонистон бурда буданд, дар амалӣ шудани он садд мегузоштанд. Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо ниятҳои неку сулҳпарварона дошт. Барои ҳамин аз 5-уми апрели соли 1994 бо роҳбарони мухолифин музокираи расмиро оғоз намуда, 17-19-уми майи соли 1995 сарфи назар аз вазъи душвори дохилии Афғонистон ба хотири аввалин вохӯрӣ ба роҳбарони мухолифин ба он мамлакат роҳ гирифтанд. Ба кишваре, ки дар ҳолати ҷанг қарор дошт. Тоҷикистон низ он замон ноором буд. Бо назардошти масъалаҳои таъмини амният ба Роҳбари давлат маслиҳат намедоданд, ки озими он шаҳр шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташнаи сулҳ буд, аз раъйи худ барнамегашт ва чунин посух дод. «Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ барнамегардам».
Дар ин сафар бархе аз аъзои Ҳукумат ҷуръати як сиёсатмадорро дида бошанд, қисми дигар самимияти роҳбареро пай бурданд, ки барои мардумаш некӣ мехоҳад ва баҳри ин некӣ аз чизе тарс надорад.
Расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар ба осонӣ муяссар нагардидааст ва вожаҳои сулҳ, ризоият ва ваҳдати миллӣ низ мафҳумҳои оддӣ набуда, дар онҳо дастовардҳои муҳим, василаи некӯаҳволии мардум, таҳкурсии рушди устувор ва пешрафти кишвар нуҳуфтаанд, дар масири наҷоти мардум аз фаношавӣ ва ҳифзи тамомияти арзии давлат нақши созгору муассир бозидаанд.
Дар натиҷа бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанг хомӯш гардида, барои бақои миллат майсаҳои умедҳо аз нав сабз гаштанд. Инак, аз рӯзи ба имзо расидани ин санади муҳим 28 сол сипарӣ шуд ва мардуми тоҷик ин рӯзро, яъне Рӯзи ваҳдати миллиро ҳамчун санаи муқаддаси миллӣ ҳар сол дар Ватани ободу озод ҷашн мегиранд.
Имрӯз кишвари азизамон бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат рӯз то рӯз ободу зебо ва рӯзгори мардум беҳтар гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон корҳои бунёдкориву созандагӣ бо маром ҷараён дорад.
Умеда Боева
мудири китобхонаи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
Сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт. Дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатҷӯ таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, Ватани азизамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан, мухолифати мусаллаҳона кашиданд, ки дар натиҷа ҳатто хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба вуҷуд омада буд. Ҷанги шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишвари мо хисороти азимеро ба бор оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одам гардид.
Миллатҳои мутамаддин ва пешрафта ҳамеша бо андешаи фарҳанги сулҳ гуфтугӯ анҷом медиҳанд, ки он баландтарин арзиши маънавии умумибашарӣ буда, бунёди онро хиради инсонӣ ташкил медиҳад. Дар фарҳанги сулҳ аз замоне, ки инсоният худро шинохт ҳамеша осоиш ва оромӣ ташвиқ шуда, зӯроварию харобкорӣ ва куштори инсон аз тарафи инсоният доимо маҳкум гардидааст.
Паймудани роҳи душвор ва пур аз нишебу фарози сулҳу ваҳат дар Тоҷикистон кори осон ва сода набуд. Зеро доираҳои муайяни сиёсӣ ва гурӯҳҳои бадхоҳи миллат бо ҳар роҳу восита мехостанд аз бесарусомониҳои Тоҷикистон манфиат бардоранд. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон мардона, бо иродаи матини сиёсӣ ва сарбаландона аз обу оташ гузашта, якҷо бо миллати хеш ин роҳи мақсудро паймуд. Аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 27 сол сипарӣ мешавад. Солҳо мегузаранд, зиндагӣ ба маҷрои тозатаре ворид мешавад, аммо нақши сарнавиштсози ин рӯз, рисолати таърихии он арзиши бештаре касб мекунад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун рӯзи Ваҳдат бо арзи шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн мегиранд. Рӯзи ваҳдатро аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлоли кишвар метавон ҳисоб кард ва дар қатори дигар саҳнаҳои таърихии миллати мо барои ҳар фарди тоҷикистонӣ муқаддас аст. Ин рӯз дар шумори беҳтарин рӯзҳои босаодати миллати мост. Зеро баъди ин рӯз мо эҳсос кардем, ки кишвар ва миллати мо аз нестӣ раҳоӣ меёбад. Шарораи умеде дар дили ҳамагон фурӯзон мегашт ва муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойи душманиву тафриқаафканиро мегирифт. Бинобар ин, ҳар фарди бедордилу ватандӯст, ки обу хоки Ватани аҷдодӣ-Тоҷикистон барояш азиз аст, бояд сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро чун гавҳараки чашми хеш ҳифз намояд ва барои таҳкими бештари он талош варзад, то насли ҷавони давронсози мо бо осоиш ва хотири ҷамъ дар он зиндагӣ ва кор кунанд.
Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар тамоми қувваҳои солими ватанро ба хотири сулҳу ваҳдат, таъмини амният ва ризоияти ҷомеа дар атрофи худ муттаҳид сохта, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мавҷудбударо давра ба давра бо барномарезиҳои мушаххас ҳаллу фасл менамоянд.
Паёмади дигари сулҳу Ваҳат дар кишвар ин рушди соҳаи маориф, фарҳанг ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Бо фаро расидани фазои сулҳу Ваҳдат Президенти кишвар барои аз вазъи ногувор раҳоӣ додани мактабу маориф тамоми талошҳои худро ба харҷ доданд, зеро медонистанд, ки дар сарзамине, ки илму дониш нест, дар он ҷо ҷаҳолат ва ақибмондагӣ ҳукмронӣ мекунад.
Ҳоло дар гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудаанд ва мешаванд.
Дар фазои Ваҳдат замони эҳёи давлатдории миллӣ, созандагӣ ва рушди Ватани азизамон идома дорад ва аз ин даврони босаодат, ки ҳазор сол баъд аз Сомониён насиби миллати тоҷик гардидааст, бояд қадру шукргузорӣ кард. Дар ҳақикат ҷои ифтихор ва шукргузорист, ки Ватани соҳибистиқлоли мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замони навин ва ҷомеаи пешрафтаи дунё ҳамқадам гардида, аз ҳама ҷиҳат пеш рафта истодааст.
Тоҷикему якдилу ҷонем,
Партави як субҳи тобонем.
Шӯълаи як моҳи шомафрӯз,
Нури як хуршеди тобонем.
Ваҳдати мо-иқтидори мо,
Ваҳдати мо-ифтихори мо.
Сафарова Моҳинав - омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ