Гулҳои ҳазорранг дорад, Кӯлоб,
Мардони баору нанг дорад, Кӯлоб,
Аз бахти баланди хеш дар ҳар хона,
Базми найю тору чанг дорад, Кӯлоб!
dv id="«r5qo»" " " ">"
Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои миллат Наврӯзро на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки омили рушди иқтисодӣ, хусусан, соҳаи сайёҳӣ, меҳисобанд. Ҳамасола дар Тоҷикистон фестивалҳои наврӯзӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангӣ, озмунҳои бадеӣ ва бозори маҳсулоти миллӣ ташкил карда мешаванд. Бо дастгирии Пешвои миллат, маконҳои таърихӣ ва фарҳангии марбут ба Наврӯз, аз ҷумла Боғи Ирам, Кӯли Сарез, шаҳри бостонии Панҷакент ва ноҳияҳои кӯҳистонии кишвар, ҳамчун нуқтаҳои ҷолиби сайёҳӣ таблиғ ва рушд дода мешаванд.
Яке аз ҳадафҳои муҳими Пешвои миллат эҳёи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Дар ин замина, Наврӯз ба як ҷашни фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ табдил дода шудааст. Ҳамасола дар арафаи Наврӯз озмунҳои шеърхонӣ, мусиқии суннатӣ ва намоишҳои театрӣ баргузор мешаванд.
Бисёр адибон ва шоирон бо илҳом аз Наврӯз асарҳои нав эҷод мекунанд, ки дар рушди адабиёти муосири тоҷик нақши муҳим мебозанд.
Дар фарҳанги тоҷикон, Наврӯз ҳамеша бо мафҳуми зебоӣ ва зебоипарастӣ пайванди ногусастанӣ дошт. Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад. Ин ҷанба, яъне тарғиби зебоипарастӣ ва ободкорӣ, дар сиёсати дохилии Тоҷикистон нақши муҳим бозида, ба ташаккули Тоҷикистон ҳамчун кишвари тамаддунсоз низ мусоидат менамояд.
Дар сатҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ, Наврӯз ба як воситаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа ҳамкорӣ намуда, барои таблиғ ва ҳифзи арзишҳои Наврӯз талош мекунад. Ин ҷашн ба мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои бунёдгузори ин ҷашни бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳифзи арзишҳои Наврӯз ва густариши он нақши босазо дорад. Наврӯз имрӯз низ, мисли ҳазорсолаҳо пеш, мардумро ба ҳам меорад, ба онҳо шодиву нишот мебахшад ва эҳсоси ҳамдилӣ ва дӯстиро таҳким мебахшад.
Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзуҳо ва бахту саодат буда, ба хонадони ҳар кадоми мо чун пайки шодиву нишот ва эҳёи табиат қадам ниҳода, кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад.
Дар Нишони наврӯз, ки ба шакли кураи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед ва фасли баҳору шукуфоӣ ва ҳамчунин тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.
Дуруст аст, ки Наврӯзро муждарасони баҳор мегӯянд. Табиат аз нав эҳё гардида, бо ҳашамату шукӯҳ, зебу фар ба назарҳо ҷилванамоӣ мекунад. Ҳаёт дар ин айём пуртаровату зебою мубарро мегардад. Тамоми олам аз сармои тӯлонӣ озод шуда, аз нурҳои гарми офтоби оламафрӯз нерӯи тоза гирифта, аз вазидани боди форами барозанда нафаси озод мекашад. Замин аз ғӯнудан бедор гардида, нурҳои пурсаховати офтобро бо қаноатмандӣ қабул намуда, симои хешро тағйир медиҳад. Ба назарҳо чунин менамояд, ки гӯё пири барҷомонда аз нав ҷавон гардида, худнамоӣ мекунад.
Дар ин айём замини саховатманд бунёди ризқу рӯзии инсонро омода мегардонад. Мурғон аз зебу зиннати табиати биҳиштосо ба чаҳ-чаҳ медароянд, гулҳо ба шукуфтан сар карда, инсонро рӯҳи тоза мебахшанд ва ӯ ин рӯзи фараҳмандӣ ва пур аз шодию сурурро бо рӯҳи болида пешвоз мегирад. Дар ин рӯз базму тантанаҳо меороянд. Аз ҳар гӯшаву канор садои хурсндӣ ба гӯш мерасаду олами пурасрор зебову ҳайратангез мегардад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзи пурнишотро ҳар сол интизор мешаванд, истиқбол мегиранд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Мирзоев Ҳофиз мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони КИ ҲХДТ
дар шаҳри Кӯлоб
dv id="«r5ml»" " " ">"
Наврӯз ҳамчун ҷашни худшиносӣ ва ватандорӣ, барои баланд бардоштани эҳсоси миллӣ ва гароиши ҷавонон ба фарҳанг ва арзишҳои аҷдодӣ мусоидат мекунад. Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯз ва таҳкими он бениҳоят бузург аст.
Бо талошҳои ӯ, Наврӯз ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон эҳё гардида, ба сатҳи ҷаҳонӣ баромад. Ин ҷашн на танҳо рамзи навсозӣ ва оғози зиндагии нав, балки омили ваҳдати миллӣ, сулҳ ва рушди фарҳанг мебошад. Бо роҳбарии Пешвои миллат, Наврӯз имрӯз бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад ва ҳамчун яке аз муҳимтарин ҷашнҳои ҷаҳонӣ мавқеи худро дар фарҳанги башарият мустаҳкам намудааст.
Хуш аст, ки имрӯзҳо ин ҷашни фархундаву ҳуҷастапайро дар мақоми давлативу байналмилалӣ ҷашн мегирем. Ватани азизи мо имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабир ва Доро, Исмоили Сомониву Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ва ҷаҳонишавӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукуҳи таҷаллои нав пайдо намуда, ба ҷашни инсонпарварона ва зебопарастӣ табдил ёфт. Мо, тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покиву зебоӣ, баҳору шукуфтанҳо дар фазои истиқлолу ваҳдат бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ таҷлил менамоем. Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру деҳот, поккорӣ, тартибу танзими ҷойҳо, ташкили ҳашарҳои умумихалқӣ, мусобиқоти варзишӣ, пӯшидани либосҳои наву тоза, идона оростани хеш, омодасозии шириниҳо аз қабили гулгардонӣ, тухмпазӣ, афрӯхтани гулхан, сайру гашти саҳро, қабл аз ҳама таҳияи сабзаи навруста, ки нишонаи сарсабзӣ, баракат, тозагиву комгорӣ ҳама аз табарукоти аҳди Наврӯзи дилафрӯз аст.
Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори Бобои Деҳқон аст. Наврӯз бо нақши созандаи хеш мардумро ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо хулас оғози ободкориҳо ҳидоят менамояд.
Ёдовар бояд шуд, ки Наврӯз аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Он бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои инсон дар рӯи Замин, аз ҷумла тоҷикон ва ориёитаборон, маҳсуб мешавад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз далели он аст, ки ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии насли башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти садаҳои зиёд суннату оинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархури ҷомеа мебошанд, балки дар таҳриқи худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши беназир доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки мақоми марбутаи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ Ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии он дар минтақаҳои гуногуни сайёра хислати ҳамагонӣ пайдо намуд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳияи баланди идона омодагӣ мегиранд.
Дар Тоҷикистон Наврӯзро бо шукӯҳ ҷашн мегиранд. Мардуми тоҷик барои пешвоз гирифтани Наврӯз хонаҳоро тоза мекунанд, либоси нав мепӯшанд ва ба аёдати пиронсолон мераванд. Яке аз анъанаҳои асосии Наврӯзӣ пазидани суманак аст, ки онро аз гандуми сабзида тайёр мекунанд.
Дар баробари ин, мусобиқаҳои миллӣ, аз қабили бузкашӣ, гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва бозиҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд.
Дар воқеъ, Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
Кабиров Сунатулло - сармутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб