Шуъбаи Бонки миллӣ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев ва хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб воқеъ гашта, аз ду ошёна иборат мебошад. То пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ ба ҳайси шуъбаи бонки давлатии ИЧШС фаъолият менамуд. Ҳама гунна хизматрасониҳои бонкиро дорост.
Бозори марказии шаҳри Кӯлоб дар шафати хиёбони Исмоили Сомонӣ дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи «Хатлон» ҷойгир шудааст. Бо қарори Ҳокимияти иҷрояи шаҳр 20.05.1988 аз рӯи лоиҳаи намунавии бозори шаҳри Кисловодски кишвари Ставрополи Федератсияи Россия сохташудааст.
Тибқи банди 20-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб ва қарори раиси шаҳр аз 27.11.2018, №819 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 7-8 ноябри соли 2018 баён доштанд, боғи 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани сохтмон ва ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани он ба тавозуни донишгоҳ гузаронида шуд.
Маълумотнома
Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб, яке аз муассисаҳои калонтарини шаҳру минтақаи Кӯлоб ба шумор рафта, тавозуни алоҳида дорад. Таъсисёбии он 25 апрели соли 1936 мебошад. Масоҳати он то оғози азнавсозӣ 5,77 гаро ташкил медод.
Боғи марказии фарҳангию фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 10 сентябри соли 2019 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як тантанаи бошукуҳ кушода шуд. Боғи мазкур дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурӣ дар муддати 7 моҳ пурра азнавсозӣ гардид.