Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум таҳти раёсати Назарзода Бахтиёр Худоёр - раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар иҷлосия муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Бо садо додани Суруди Миллӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум оғоз гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷлосияро ҳусни оғоз бахшиданд.
Масъалаҳои зерин дар иҷлосия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Ахбороти Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум.
2. Дар бораи қабули Дастури кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум.
3. Дар бораи ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум.
4. Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум.
5. Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум.
6. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Дар бораи пешниҳоди намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб барои иштирок дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Ахбороти Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум» раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Тағоев Бурихон шунида шуд.
Сипас дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб баъди тасдиқи ваколатҳояшон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд намуданд.
Дар доираи масъалаи панҷуми рӯзномаи иҷлосия «Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Даминзода Арафамо Искандар - вакил аз ҳавзаи интихоботии №30 суханронӣ намуда, номзадии Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Дар асоси Дастури Маҷлиси вакилони халқ барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода шуд.
Ташрифзода Мунаваршо - раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо натиҷаи овоздиҳиро мувофиқи протоколҳои Комиссияи баҳисобгирии овозҳо оид ба пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи вакилон расонд ва дар натиҷаи ба даст овардани овозҳо Назарзода Бахтиёр Худоёр ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр вакилонро ба муносибати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб интихоб гардиданашон сидқан табрик намуда, дар кор ва фаъолияти пурмасъули вакилиашон, ки баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр ва ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст, муваффақиятҳо таманно намуданд. Таъкид гардид, ки барои арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа, пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои худро гузоранд.
Вобаста ба ҳамаи маъалаҳои дар рӯзномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, ҷойдошта бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб қарорҳои якдилона қабул карда шуд.
Сипас муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон суханронӣ намуда вакилони тозаинтихобро ҷиҳати сазовор гардиданашон ба эътимоду боварии халқ муборакбод намуда, дар минбаъда фаъолияти кориашон бурдбориҳо таманно намуданд. Дар ин баробар ҷиҳати ислоҳи камбдиҳои нишондиҳандаҳои рушди шаҳри Кӯлоб ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум зери навои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагии мамлакат ҳусни анҷом бахшида шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб