dv id="«r30p»" " " ">"
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша барои солимии ҷомеа, инчунин пешгирии интиқол ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ин навбат дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хотири паҳн нагардидани бемориҳои сироятӣ маъракаи поккорӣ гузаронида шуд.
Ин тадбирҳо аз ҷониби сохтори марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла корхонаи фаръии давлатии истеҳсолии истифодабарии манзил бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон роҳандозӣ гардида, нахуст он дар ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, кӯчаву хиёбон ва хонаҳои баландошёна гузаронида шуданд.
Бояд гуфт, ки корҳои поккорӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб мунтазам амалӣ карда мешавад. Безараргардонии навбатӣ бо маводҳои гипохлориди натрий сурат гирифт, ки он барангезандаи бемориҳои сироятӣ дар муҳитро нобуд месозад.
Тазаккур бояд дод, ки бо дастуру супоришҳои Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб минбаъд низ гузаронидани чунин корҳои безараргардонӣ мунтазам роҳандозӣ карда мешавад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб