Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеробеҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Эмомалӣ Раҳмон Мояи ифтихор аст,ки давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат ва таъмини беҳдошти зиндагии мардум барои равнақи созандагӣ ва бунёдиҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар толоримаркази ҷавонон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Оила-бақои давлат” баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бахшисабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, оилаи намунавӣ- Хоҷаев Искандар ва Ятимова Муслима, оилаҳои ҷавон, собиқадорон, пирони рӯзгордида, ҷавононудонишҷудухтарон ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд. Нахуст Ҳайдарова Назирамоҳ-мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, ҳозиринро ба ин санаи муҳим табрику муборакбод намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки оила муҳимтарин институти иҷтимоишавии шахс ва тарбияи тарзи ҳаёти солим мебошад. Маҳз дар оилатаҷрибаи аввалини муошират бо ҷомеа ба даст оварда мешавад. Дар муддате оила ягона макони ба даст овардани чунин таҷриба аст. Оиларо ҳамчуннамуна ва шакли омӯзишии асосии ҳаётии шахс баррасӣ кардан мумкин аст. Дар идома дигар иштирокчиён перомуни мавзуъҳои муҳими оиладорӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ дар заминаи оила, нақши падару модар дар тарбияи фарзандва пешгирии оилаҳо аз хатарҳои замони муосир ибрози назар намуданд. Сипас ба кӯдакони навзод аз тарафи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб шаҳодатномаҳоиройгон дар фазои тантанавӣ супорида шуд. Модарони ҷавон зимни тақдими шаҳодатномаҳои таваллуд аз ҷониби модарони рӯзгордида дуову тавсияҳои муфид гирифтанд. Ҳадафи баргузории ҳамоиш ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муҳаббату ваҳдати байни аъзои оила ва тарбияи дурусти ҷавононравона гардида буд. Дар охир барномаи фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони шаҳри Кӯлоб табъи ҳозиринро шод намуд. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP