Ҷавонони мо, ки дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ камол ёфтаанд, бояд Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дастовардҳои онро чун неъмати бузургтарини миллати тоҷик ҳифз карда, бо кору амали созандаи худ Ватани маҳбуби хешро боз ҳам ободу пешрафта гардонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола 23 май дар саросари кишвар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб чорабинии идона ба муносибати рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабини мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкада, коллеҷу литсейҳо, гирандагони Стипендияи Президентӣ, фаъолон, ҷавонон ва сокинони шаҳр иштирок доштанд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҷавонон, ки дар даромадгоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб ба намоиш гузошта буд дидан намуданд.
Сипас муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи ҷавонони Тоҷикистон бахусус ҷавонони Кӯлобшаҳри бостониро ба ин муносибат табрик намуда изҳор дошт, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад ва мардуми шарафманди Тоҷикистон аз ҷумла насли ҷавон имрӯз зери сиёсати хирадмандонаву сулҳпарварона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осуда ва фаъолияти пурсамар бурда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои хотирмон ба ҷавонони фаъоли ташкилоту муассисаҳои шаҳр Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар хотима аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи театрикунонидашудаи худро пешкаши меҳмонону ҷавонони чорабинӣ намуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб