Санаи 26 ноябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар якҷоягӣ бо Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд сохта шудааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ дорои синфхонаҳои барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Қоҳир Расулзода бо шароити фароҳамовардашуда дар даргоҳи нави илму маърифат шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Зикр гардид, ки чунин шароит омӯзгорону хонандагонро вазифадор менамояд, то дар омӯзиши илмҳои замонавӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ кӯшиши бештар намоянд.
Инчунин, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳангоми ифтитоҳи муассисаи Ҳасанова Малика, дорандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", хоҳараш Ҳасанова Шукрона, барандаи ҷойи дуюми озмун ва падарашон Бахтиёр Хасанов сӯҳбат намуда, онҳоро бо ин музаффарият табрик гуфтанд ва бо онҳо расми хотиравӣ гирифтанд.
 
                                                                                                           Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP