Имрӯз 10.04.2025 дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Абдусаломзода Анзурат бо донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз бо усули факулта ба факулта дар мавзуи “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” доир гардид. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар, директорони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ н.и.п. дотсент Одиназода Латофат Амиршо, директори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб д.и.т Азиззода Зубайдулло, мудири бахши кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб Дилшод Мадализода ва донишҷӯёну омӯзгорон иштирок доштанд. Мақсад аз ин вохӯрӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд" , риоя ва пӯшидани либосҳои миллии чакану адрас ва даст назадан ба бегонапарастӣ, муборизаи дастаҷамъона бо ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла терроризму эсктремизм, дар фазои сулҳу амонӣ таҳсили дуруст дар муассисаҳои таълимии олию миёнаи касбӣ буд. Нахуст, меҳмони олиқадр Абдусаломзода Анзурат баромад намуда, дастоварду пешравиҳои соҳаҳои мухталифи вилоят, аз ҷумла, тиб, фарҳанг, тандурустӣ ва маорифро ба риштаи таҳлил кашиданд. Мавсуф зикр намуданд, ки дар даврони навини давлатдории мо бо азму талошҳо ва меҳнатҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як кишвари пешрафтаи ҷаҳон табдил гардид. Сатҳи некуаҳволии мардум ба маротиб боло рафта, шароити зиндагии сокинони кишвар беҳтар шуда истодааст. Муҳимтар аз ҳама сулҳу осоиштагӣ дар ватани мо ҳукмфармо аст. Ба ин ҳама неъматҳо мебояд мо шукргузорӣ карда, дар ободии кишвар саҳим бошем. Тоҷикистон ба маҷрои нави рушд расид. Агар барои мисол соҳаи маорифро мисол орем, танҳо дар соли гузашта дар ҳудуди вилояти Хатлон беш аз 53 ҳазор ҷойҳои нави нишаст таъсис дода шуд. Муовини раиси вилоят аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки шукргузорӣ аз даврони истиқлол ва заҳмату ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карда, аз ҳамаи шароити мавҷуда истифода бурда, дар оянда кадрҳои хуби соҳаи хуб гарданд ва дар таҳкими сулҳу субот нақши худро гузоранд. Дар идома муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар, мудири бахши кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб Дилшод Мадализода, директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Одиназода Латофат Амиршо, доир ба имконоти васеи таълим дар муассисаҳои таълимӣ, таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи маориф ва инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, даст назадан ба ҷиноят, дур нашудан аз таълим ва баланд бардоштани идеологияи миёни ҷавонон маърӯзаҳо намуданд. Дар охир ҳамчун суҳбати озод чанде аз омӯзгорони ду коллеҷи болозикр доир ба вохӯрии имрӯза фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP