Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъдаи фаъолият баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Ҳоҷиев Абдулваҳҳоб, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр ширкат варзиданд. Пеш аз оғози ҷаласаи зикргардида раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Амиров Давлат ба сухан баромада, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ҷиҳати интихоб шуданашон ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кулли сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ табрику муборакбод намуданд. Ҷаласаро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ифтитоҳ бахшида, иброз намуданд, ки дар семоҳаи аввали соли 2025 фаъолон ва аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикргардида ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон сайъу кӯшиш намуда истодаанд. Сипас, тибқи тартиби ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб Бобоҷонзода Алишер баромад намуда, оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъдаи фаъолият ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳриКӯлоб Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону раиси вилояти Хатлон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, дар зарфи се моҳи соли 2025 бобати пешбурди натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои муайянеро ба итмом расонид. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шахри Кӯлоб барои солхои 2020-2025 бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 25 июни соли 2020, Nº389 тасдик карда шуд. Ҳадафи асосии Барнома таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии шахр, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии шаҳру деҳот мебошад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солхои 2020-2025 татбики 225 лоихаро бо маблаги умумии 7 миллиарду 12 млн сомонӣ дар бар гирифтааст. Ба холати 1 апрели соли 2025 аз225 лоиха 66 лоиха, яне 29 фоизи лоихахо ба маблаги 533,4 млн. сомонй ичро гардида, дар 56 лоихахо, яне 24,9 фоизи онхо корхо идома дошта, ба маблаги1360,1 млн. сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Раҳимзода Раҷабалӣ, раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб Салимзода Нурулло, роҳбари гуруҳи татбиқи “Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” Боҳирӣ Ғайбулло оид ба фаъолияти соҳаҳо дар семоҳаи аввали соли 2025 дар назди ҳозирин баромад намуданд. Дар идома масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб оид ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, киштипунбадона, кишти зериплёнка, парвариши пилла, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварии саривақти пардохти ҳаққи хизматрасонии барқ, иҷрои нақшаи андоз, нақшаи дӯхти либосҳои мактабӣ, сатҳи таълиму тарбияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, бақайдгирии хонандагон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти китобхонаҳо ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон баромад намуда натиҷаи фаъолияти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлобро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан дастуру тавсиҳои мушаххас доданд. Дар охир ба як қатор фаъолони шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонандагони муаасисаҳои таълимии шаҳр, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сипоснома тақдим карда шуд. Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP