Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр вохӯрӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид, ки дар он муовини соҳавии раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулини соҳаи маориф иштирок намуданд.
Зимни баромади худ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ибрози андеша намуданд. Қайд карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати омӯзгорон дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Ин бовариву эътимод пеш аз ҳама назди омӯзгор вазифа мегузорад, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, дар ҷомеа ҳамчун шахси донишманд ва тарбиятёфта ба камол расонад.
Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тамоми имконияти худро ба он равона карда истодааст, ки барои омӯзгорон ва хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Зимнан, вазифаи ҳар як омузгор ин аст, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар самти таълиму тарбияи насли наврас ба роҳ монанд. Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки аз ҷониби баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ беназоратӣ нисбати давомоти хонандагон, сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ ва сару либоси мактабӣ эҳсос мешавад. Дар ин раванд мо бояд чораҳои заруриро андешида роҳҳои ҳалли онро ёбем. Имрӯз кам нестанд муассисаҳои таълимие, ки дар соҳаи маориф саҳми худро ҷиҳати иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ гузошта истодаанд, ки ин боиси ифтихору сарфарозист.
Дар идома, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҳар як роҳбари муассиса даъват ба амал оварданд, ки дар пешбурди корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми худро гузорем ва насли хурдсол аз мо таҷриба гирифта, дар оянда ҳамчун насли ватандӯст ба камол расад. Ин аст рисолати ҳар як омӯзгор ва аҳли ҷомеа.
Ҳамчунин дар идома, дигар баромадкунандагон оид ба фаъолияти ҳар як роҳбари муассиса, дастовард ва камбудиҳои ҷойдошта, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузаштанд.
Дар интиҳо, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз ҳар як масъулини соҳаи маориф даъват намуданд, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ, баҳри татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву софдилона хизмат намоем. Имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳар як падару модар аз мо умедҳои калон доранд, ки дар оянда фарзандонашон номбардори давлату миллат ва падару модари худ мешаванд. Пас вазифаи омӯзгор танҳо таълим не, балки тарбияро низ мо бояд пурзӯр намоем, дар ҳамин ҳолат мо ба мақсадҳои худамон ноил мегардем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ зодаи даврони Шӯравӣ мебошад. Ҳанӯз, 2 июни соли 1940 бо Қарори Шӯрои Комисарони Халқии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон зери рақами 124 «Дар бораи дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгшоҳи давлатии муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб» ба табъ расида буд. Вале бо сабабҳои маълуми давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945 ин қарор иҷро нагардид. Бори дигар қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 15 августи соли 1945 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб» ба табъ расид, ки ба бунёди донишкада асос гузошт.
Интихоби ДТМИК – сифати баланди таҳсилот ва расидан ба зинаи шоистаи камолот
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои заруриро андешида, ҳадафҳои созандаву инноватсиониро татбиқ намуда истодааст.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо сӯроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Абдураҳмонов А. – 7, ҷойгир аст.
Мутобиқи маводи аз ҷониби шӯъбаи бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб пешниҳодшуда, бо фармони шӯъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб аз 14 октябри соли 1953 таҳти № 01\105 мактаби тиббии ш. Кӯлоб таъсис дода шуда, бо фармони Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 8.07.1954 таҳти № 112 ин мактаб ба омӯзишгоҳи тиббии дорои мӯҳлати таҳсили сесола табдил дода шуда буд.
![]() |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 |