Санаи 6 июни соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру минтақаи Кӯлоб, инчунин муовинони раиси шаҳри Кӯлоб мулоқот доир гардид. Зимни баромад роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим баромад намуда, изҳор доштанд, ки мо имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии навбатии худро роҳандозӣ намуда, ҳамзамон он дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли ҷорӣ бо фаъолон, аҳли зиё ва ходимони дин доир гардид, маншаъ гирифт. Бори дигар он нуқтаҳои муҳиме, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон ироа доштанд, мавриди омӯзиш ва корбариву коргузорӣ дар фаъолияти минбаъдаи кории ҳар кадоми мову шумо истифода бурда мешавад. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки имрӯз мо бояд зимни вохӯриҳое, ки дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳру деҳот, ташкилоту муассисаҳо, марказҳои савдо ва кӯчаву маҳаллаҳо ташкил ва баргузор менамоем, бояд пеш аз ҳама аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ваҳдати сартосарӣ ва фазои сулҳу оромии кишвар, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз ба даст омадааст, миёни мардум бо далелҳои мушаххас баромад намоем. Моҳияти истиқлоли давлатиро фаҳмонем, зеро имрӯз шаҳрвандони мо, аз ҷумла насли замони истиқлолият ба таълиму тарбия ниёз дошта, онҳоро мебояд дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.
Инчунин дар пиёда сохтан ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риоя намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ", ҳамзамон тарғиби либоси миллӣ аз ҷумла чакан ва адрас, ки дар рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур намоем. Зимни баромад таъкид доштанд, ки мо дар вақти вохӯриҳо албатта шахсони донишманд аз ҳисоби нафароне, ки миёни аҳолӣ обрӯ ва нуфузи бештар доранд, дар тамоми масъалаҳои болозикр ҷалб намоем, зеро ҳамин шахсиятҳои донишманд ва рӯзгордида аз масъалаҳои мазкур ба хубӣ огоҳӣ доранд ва метавонанд мардумро ба роҳи расидан ба зиндагии боз ҳам шоиста роҳнамоӣ намуда, фарҳанги оиладорӣ, дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳоро ба миён гузоранд.
Дар идома, вобаста ба эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" аз роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват ба амал оварда шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар баробари баргузории вохӯриҳо, инчунин тавассути телевизиони Кӯлоб суҳбатҳо доир намоянд ва боварӣ дорем, ки ин самараи хуб ба бор меоварад, изҳор доштанд роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Дар идома, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ изҳор намуданд, ки фаъолияти мо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хуб ба роҳ монда шуда, ҷиҳати волоияти қонун ва дигар масъалаҳое, ки имрӯз аз ҷониби Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад, саривақт иҷро мегардад ва мо тамоми масъулияти худро ба он равона менамоем, ки бисёртар корҳои назаррасро миёни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон роҳандозӣ намоем.
Дар интиҳо, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати иштирок ва боз якбори дигар расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим изҳори сипос намуда, ҳамзамон изҳор доштанд, ки мо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ содиқонаву софдилона хизмат менамоем.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб