Дар Қисми ҳарбии 13483-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули савганди ҳарбии наваскарон баргузор гардид.
Дар ин ҷашни пуршукӯҳ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарияти қисми ҳарбӣ, собиқадорон, фаъолон, волидайни наваскарон ва дигарон иштирок ва ба аёдати сарбозону афсарон ва диловарони Ватан омаданд.
Дар оғоз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр афсарону сарбозонро ба ин муносибат аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва шахсан аз номи худ ва дар шахсияти онҳо тамоми ҳарбиёни ҷумҳуриро самимона муборакбод гуфта, сиҳатмандӣ, тенҷиву оромӣ, кушоиши кор ва дар фаъолияти минбаъда ҷиҳати таъмини ҳифзи марзу бум, суботи кишвар ва амнияти мамлакат комёбиҳои беназир таманно намуд.
Тазаккур дода шуд, ки Конститутсия қонуни асосӣ буда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва асосҳои системаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатро муқаррар менамояд. Мусаллам аст, ки шиносномаи ҳар як давлати мустақил Конститутсияи он ба ҳисоб меравад. 30-сол муқаддам, халқи тоҷик ҳам, пас аз соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон, бори нахуст дар таърихи 6 ҳазорсолаи хеш, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд ва соҳиби бахтномаи худ шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯйдоди муҳими таърихиро чунин ифода карданд: «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бисёр лаҳзаҳои ҳассоси таърихи кишвар қабул шуда буд, давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро аз нобудӣ наҷот дод ва миллати тоҷику тоҷикистониёнро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, 30-сол боз барои таъмини сулҳи сартосарӣ, Ваҳдати миллӣ, амну осоиш ва рушди устувори Тоҷикистони азиз хизмати босазое карда истодааст. Ҳарчанд 30-сол барои таърих, муҳлати тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосии давлати мо аз имтиҳонҳои ҷиддии ҳаётӣ гузашт ва собит карда тавонист, ки барои кулли мардуми Тоҷикистон дар ҳақиқат ҳуҷҷати тақдирсоз аст. Ёдовар мешавам, ки Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Боби дуюми он «Ҳуқуқ озодӣ, вазифаҳои инсон ва шаҳрванд» ном дорад. Дар моддаи 43-и ҳамин боби Конститутсия омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Ана тибқи ҳамин муқаррароти Конститутсия Шумо афсарону сарбозони азиз, дар хизмати ҳарбӣ қарор доред ва онро бо сари баланду садоқатмандона ба пеш бурда истодаед.
Мо ҳам бо истифода аз фурсати муносиб имрӯз тасмим гирифтем, ки ба аёдати Шумо омада, аз ҳолу аҳволи Шумо бохабар шавем. Баъди адои хизмат боз тибқи муқаррароти ҳамин Конститутсия барои муайян намудани роҳу равиши зиндагии ояндаи худ имкониятҳои ниҳоят фаррох Шуморо дар пешанд. Бо боварӣ ва умед гуфта шуд, ки афсарону сарбозон аз ин имкониятҳо самаранок истифода карда, дар оянда як шахсияти баруманди давлату ҷомеа мегарданд.
Дар ҳамин роҳ ба ҳамаашон бурдбориву муваффақиятҳои беназир орзу карда шуд.
Дар идома, ба наваскарон муроҷиат намуда изҳор доштанд, ки Шумо шахсиятҳои хеле хушиқбол ҳастед, ки дар рӯзи 30-юмин солгарди қабули Конститутсия қасами ҳарбӣ ёд мекунед. Ин рӯзи муборак тамоми умр дар лавҳи хотири Шумо боқӣ хоҳад монд.. Баъди ёд кардани қасами ҳарбӣ сарбози ҳақиқӣ мешавед. Бояд он қадар хуб хизмат кунед, ки баъди адои он, роҳбарияти қисми ҳарбӣ Шуморо танҳо ба некӣ ёдоварӣ кунад.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар фароварди сухан бори дигар сарбозону афсаронро ба муносибати 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат, шиносномаи давлату миллат шодбош гуфта, саодатмандию сарбаландӣ таманно намуд.
Дар ин қисмат наваскароне, ки дар даъвати тирамоҳии имсола ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи кишвар дохил шуданд дар назди давлату ҳукумат савганди садоқат ёд карданд. Ба падарону модарон ваъда доданд, ки хизмати аскариро бо сари балад адо карда, баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбуб содиқ мемонанд.
Дар идома наваскарон ва падару модарони онҳо суханронӣ намуда, аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки имрӯз бо ифтихор мегӯем, Ватани мо тинҷу амон аст, зеро фарзандони мо дар фазои сулҳу оромии кишвар зери ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати Ватан-Модарро сарбаландона иҷро намуда истодаанд ва баъди анҷоми рисолати ватандорӣ бо сари баланд ба назди падару модари худ бармегарданд. Агар имрӯз фарзандони мо моро ҳимоят накунанд дигар ки мекунанд. Бо ҳамин мақсад падару модарон дар ҳақи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ва фарзандони шуҷоъи Ватан дуои нек намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дастагули суруду таронаҳои тоза пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб