dv id="«r5ml»" " " ">"
Наврӯз ҳамчун ҷашни худшиносӣ ва ватандорӣ, барои баланд бардоштани эҳсоси миллӣ ва гароиши ҷавонон ба фарҳанг ва арзишҳои аҷдодӣ мусоидат мекунад. Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯз ва таҳкими он бениҳоят бузург аст.
Бо талошҳои ӯ, Наврӯз ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон эҳё гардида, ба сатҳи ҷаҳонӣ баромад. Ин ҷашн на танҳо рамзи навсозӣ ва оғози зиндагии нав, балки омили ваҳдати миллӣ, сулҳ ва рушди фарҳанг мебошад. Бо роҳбарии Пешвои миллат, Наврӯз имрӯз бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад ва ҳамчун яке аз муҳимтарин ҷашнҳои ҷаҳонӣ мавқеи худро дар фарҳанги башарият мустаҳкам намудааст.
Хуш аст, ки имрӯзҳо ин ҷашни фархундаву ҳуҷастапайро дар мақоми давлативу байналмилалӣ ҷашн мегирем. Ватани азизи мо имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабир ва Доро, Исмоили Сомониву Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ва ҷаҳонишавӣ дар Тоҷикистон Наврӯз шукуҳи таҷаллои нав пайдо намуда, ба ҷашни инсонпарварона ва зебопарастӣ табдил ёфт. Мо, тоҷикон, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покиву зебоӣ, баҳору шукуфтанҳо дар фазои истиқлолу ваҳдат бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ таҷлил менамоем. Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру деҳот, поккорӣ, тартибу танзими ҷойҳо, ташкили ҳашарҳои умумихалқӣ, мусобиқоти варзишӣ, пӯшидани либосҳои наву тоза, идона оростани хеш, омодасозии шириниҳо аз қабили гулгардонӣ, тухмпазӣ, афрӯхтани гулхан, сайру гашти саҳро, қабл аз ҳама таҳияи сабзаи навруста, ки нишонаи сарсабзӣ, баракат, тозагиву комгорӣ ҳама аз табарукоти аҳди Наврӯзи дилафрӯз аст.
Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст, зеро он айёми эҳёи табиат, фарорасии кишту кори Бобои Деҳқон аст. Наврӯз бо нақши созандаи хеш мардумро ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо хулас оғози ободкориҳо ҳидоят менамояд.
Ёдовар бояд шуд, ки Наврӯз аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Он бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои инсон дар рӯи Замин, аз ҷумла тоҷикон ва ориёитаборон, маҳсуб мешавад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз далели он аст, ки ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии насли башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти садаҳои зиёд суннату оинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархури ҷомеа мебошанд, балки дар таҳриқи худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши беназир доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки мақоми марбутаи Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ Ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии он дар минтақаҳои гуногуни сайёра хислати ҳамагонӣ пайдо намуд.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳияи баланди идона омодагӣ мегиранд.
Дар Тоҷикистон Наврӯзро бо шукӯҳ ҷашн мегиранд. Мардуми тоҷик барои пешвоз гирифтани Наврӯз хонаҳоро тоза мекунанд, либоси нав мепӯшанд ва ба аёдати пиронсолон мераванд. Яке аз анъанаҳои асосии Наврӯзӣ пазидани суманак аст, ки онро аз гандуми сабзида тайёр мекунанд.
Дар баробари ин, мусобиқаҳои миллӣ, аз қабили бузкашӣ, гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва бозиҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд.
Дар воқеъ, Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.
Кабиров Сунатулло - сармутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб