Санаи 29 майи соли 2024 соати 13:30 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки адибону сиёсатшиносони варзидаи кишвар - Ато Мирхоҷа, Абдуллои Раҳнамо, Хайриддини Хайрандеш ва Файзалӣ Ҳасан чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ доир мегардад. Мавзӯи чорабинӣ “Буҳрони идеологӣ ва нақши зиёиёну ҷавонон дар таҳкими низоми арзишҳои давлатдории миллӣ” дар заминаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мебошад. Боварӣ дорем, ки суханрониҳои устодон барои доираи васеи зиёиёну донишпажуҳон ва ҷавонони ватандӯст муфид хоҳад буд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба таваҷҷӯҳи ҳаводорон ва дӯстдорони таърихи пурғановати халқи тоҷик мерасонад, ки дар доираи рӯзи умумиҷаҳонии Осорхонаҳо имрӯз дар тамоми Осорхонаҳои шаҳр рӯзи Дарҳои кушоди Осорхона эълон шудааст, ки Муҷтамаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб барои қабули меҳмонон ба таври РОЙГОН хизмат мерасонад..
Биёед имрӯзи худро бо фарзандону дӯстон дар Осорхона бубахшем.
Ба таваҷҷӯҳи ҳаводорон, дӯстдорон ва мухлисони Дави миллӣ расонида мешавад, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007, №225 " Дар бораи Дави миллӣ" субҳи 19 майи соли 2024, соати 7:00 бахшида ба Рӯзи "Ҷавонони Тоҷикистон" дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.
Бақайдгирӣ субҳи 19.05.2024 соати 6:00 дар маҳаллаи Ҳ.Аҳмар ( назди чорроҳаи Корез)
Ба сардори Шуъбаҳо ва бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
Барқияи талефонии № 161 аз 29.08.2023 сол.
Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №481 аз 29 августи соли 2023 ва маълумотҳои Агентии обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи сентябри соли 2023 боридани боронҳои пай дар пай боқимонда, хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.
Вобаста ба ин Шумо вазифадор карда мешавед, ки қувва ва воситаҳоро дар ҳолати омодагии доимӣ қарор дода, иттилоотӣ додашударо ба маълумоти комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр ва инчунин ба зарнизомҳои ҳудудӣ ва зинавии низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирии рафъи ҳолатҳои фавқулодда расонед ва дар ҳамкорӣ бо онҳо чораҳои зарурӣ андешед.
Аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ва ҳолатҳои фавқулоддаи ба амал омада, ҳамарўза ва сари вақт ба унвонии Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сари вақт ахбороти хаттӣ пешниҳод намоед.
Оиди ҳодисаҳои ба амал омада, новобаста аз вақту соат, сардорони Шуъба ва Бахшҳо ба сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, шахсан гузориш пешниҳод намоянд.
Сардори бахши КҲФ ва МГ
дар шаҳри Кӯлоб
майор Сайдаҳмадов Б.