dv id="«r8lo»" " " ">"
Дар доираи сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таваҷҷуҳ ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат саноатикунонии босуръат зиёд гардида истодааст. Рушд додани саноати ватанӣ нерӯи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ ба шумор меравад.
Санаи 30.04.2025 вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо тоҷирони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб меҳмононро ба яке аз гӯшаҳои Тоҷикистони биҳиштосо ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд аз ҷумла сармоягузорону тоҷирони Ҷумҳурии мардумии Чин ривоҷу равнақ ёфтааст.
Зимни вохӯрӣ масъалаи саҳмгузории тоҷирони чинӣ ва бунёди заводи истеҳсоли хишти пухта дар шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Заводи зикргардида баъди ба истеҳсолот шуруъ кардан метавонад, ки на ба таври масимӣ, балки мунтазам бинокорони шаҳри Кӯлобро бо хишти пухтаи истеҳсоли маҳаллӣ таъмин намояд. Ин омил метавонад ба рушди босуръати биносозӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳри Кӯлоб заминаи мусоид гузорад.
Ҳамзамон, меҳмонон аз пешравиҳо ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои қабул ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамчун армуғон ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
dv id="«r8lp»" ">"
span id="«r8ma»" " ">"осмотреть статистику
Охват публикации: 6
https://static.xx.fbcdn.net/rsrc.php/v4/yP/r/vX10Saq43DO.png"); background-position: 0px -50px; background-size: auto; width: 24px; height: 24px; background-repeat: no-repeat; display: inline-block;" data-visualcompletion="css-img" aria-hidden="true">
Все реакции:
Вы, Bakhtiyor Safarov, Саъди Асозода и ещё 1