Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ғайринақшавии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид, ки дар он раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, аъзоёни комиссия, инчунин муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Ҳотамшо, сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Зафар Нуралиев ва муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Њалимзода Миралӣ ва дигар масъулон ширкат намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, изҳор доштанд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сангу шағал аз сойҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, ба ин васила пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ мебошад. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки тибқи Амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 апрели соли 2024, №88 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба тавсиб расидааст, ки то имрӯз масъулин ҷиҳати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корҳои назаррасро анҷом доданд. Вале ин моро қаноатманд карда наметавонад ва мо боз масъулияти худро дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷойҳои хавфноктарини шаҳру деҳоти Кӯлоб равона менамоем.
Дар идома муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Ҳотамшо баромад намуда, ҷиҳати корбариву коргузории Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар самти роҳандозӣ намудани Комиссияи доимамалкунанда ва сафарбар намудани техникаҳои лозима ва ҳашарҳои дастаҷамъона барои пешгирии офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки тибқи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷойҳои муқарраргардида то санаи 12 майи соли 2024 идома меёбад.
Дар робита ба ин, ба тамоми ташкилотҳои шаҳриву минтақавӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби техникаҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки масъулин низ пеш аз ҳама вазифадор карда мешаванд, ки дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани маҷрои каналҳо, селпартовҳо, сойҳо, заҳбуру заҳкашҳо, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва кашонидани партовҳо камари ҳиммат баста, масъулияти баланд нишон диҳанд.
Дар идома муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Њалимзода Миралӣ баромад намуда, бо изҳори боварию эътимод ба Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати саривақт баргузор намудани ҷаласаҳои комиссия, ҳамзамон мунтазам гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона ва ба ин васила тоза намудани сойҳои болозикр бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб баҳои баланд дода, ба раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва иштироки фаъолона дар пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода бо Ифтихорномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, бо ҳамин мазмун ба роҳбарони корхонаҳои МД “Беҳдошти замин ва обёрии шаҳр” ва МД “Обу конализатсияи шаҳр” бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар интиҳои ҷаласаи мазкур Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо боварию эътимоди баланд ва қадрдонӣ намудан изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мо ҳама вақт ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид омода ҳастем ва бо як масъулияти баланди ватандӯстона содиқонаву софдилона вазифаҳои ба зимма доштаамонро иҷро менамоем.
Изҳори сипоси худ ва тамоми сокинони шаҳри Кӯлобро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ алалхусус дар самти пешгирии офатҳои табиӣ расониданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз мавзеъҳои сойи Даҳана ва сойҳои якҷояшавии сойи Зиракӣ ва Даҳана дидан намуда, ҷиҳати ироиши корҳои анҷомдодашуда ба Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам бехатар анҷом додани корҳои боқимонда корро дар ин самт ҷоннок намоянд. Инчунин, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунии деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, назди пули мошингузари самти Фурудгоҳ ва маҳаллаи Суғдиён дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавзеъҳои болозикр пеш аз ҳама тоза намудани селпарто ва ҷӯйборҳои обрав, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва ба роҳ мондани корҳои заминӣ, барқарорсозии назди пул ва баровардани сангу шағал, инчунин тоза ва бо тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона баровардани партовҳо сурат гирифт ва ин корҳо ҳанӯз идома дорад ва зери таваҷҷуҳи Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарор дорад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати расонидани кӯмакҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдати оилаҳое, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будан ва мутаассифона имрӯз бо мо нестанд рафанд.
Зимни суҳбат меҳмонон бо фарзандону наберагон аз шуҷоатмандию далерии ҳар як иштирокчии ин набард, хизматҳои шоёни онҳо дар татбиқ гардидани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, изҳор намуданд, ки ҳеҷ вақт таърих номи он шахсиятҳое, ки барои Ватан ҷоннисориҳо намудаанд, фаромӯш нахоҳад кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри ҷомеаро ҳамеша дастгирӣ менамояд.
Дар идома раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз хизматҳои ҳар яки онҳо пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон, ободкорию созандагӣ ва саҳми босазо гузоштан дар рушду нумуи шаҳри Кӯлоби бостонӣ ёдовар гардида, изҳор доштанд¸ ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид саҳми худро ба он оилаҳое, ки ниёзманд мебошанд расонанд.
Дар навбати худ собиқадорон ва фарзандону наберагони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз доштани чунин шахсиятҳои таърихӣ ифтихор намуда, арзи сипосу миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагиашон расонида, аз доштани чунин як Ватани маҳбуб, Роҳбари оқилу доно, дурандеш ва ташаббускору созанда ифтихор намуданд. Иброз доштанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари ташаббускор мешиносанд ва эътироф менамоянд, ин ҳама дастоварди замони истиқлолият ва хизматҳои шоёни сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кўлоб
Дар ҷаласаи имрӯза намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳо, раисони Кумитаҳои маҳалла ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Вохӯриро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гуруҳи корӣ ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, дар шаҳри Кӯлоб ҳузур доранд, ки қаблан барои ташрифашон изҳори миннатдорӣ баён менамоем.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, изҳор намуданд, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 494 иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст ва тибқи нақшачорабиниҳо давра ба давра иншоотҳои сохташуда ба истифода дода шуда истодааст.
Ҳамзамон изҳор намуданд, ки ин моро қонеъ карда наметавонад, мо масъулин ва ҳар як масъули соҳаҳои гуногун вазифадоранд барои саривақт ва босифат анҷом додани иншоотҳо чораҳои дахлдор андешанд.
Инчунин, дар доираи дастгириҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз соҳибкорони бонангу номуси кишвар аз ҷумла шаҳри Кӯлоб омодаанд, ки дар бунёд ва сохтани иншоотҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб аз ҷумла мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, мумфарш ва сангфарш кардани роҳҳои ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр, бунёди биноҳои баландошёна ва дигар марказҳои хизматрасониро сохта ба истифода диҳанд ва имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии шаҳри Кӯлоб омодааст, ки кӯмаки худро расонад, танҳо масъулин вазифадор мегарданд, ки дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқшуда ва вохӯриҳое, ки бо соҳибкорон ва шахсони Ватандӯст доштем бо роҳбарии Роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим корро дар ин самт ҷоннок намоем.
Дар идома, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим изҳор доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дӯст доштани Ватан, ифтихор аз тоҷик будан, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, тарғиби истиқлоли Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар, тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, хотима бахшидан ба зиёдаравӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, хурофотпарсатӣ, нигоҳ доштани фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ки санаи 9 марти соли 2024 баргузор гардида буд суҳбати самимиву роҳатбахш бо фаъолони кишвар доир намуданд. Боиси ифтихор мебошад, ки Роҳбари давлатамон аз рӯзи аввали бар арсаи сиёсат воридгаштанашон мардумро ба корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, эҳтироми якдигар ва дар рӯҳияи худшиносӣ даъват менамоянд, ки ин барои ҳар як инсони солимфикр мояи ифтихори бузург мебошад. Мо масъулон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб иқдомҳои созанда ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, тамоми масъулияти худро ба он равона менамоем, ки вазифаҳои бар зимма доштаамонро содиқонаву софдилона анҷом диҳем.
Зикр карда шуд, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талошу заҳматҳои худро ба он равона карда истодааст, ки шароити боз ҳам беҳтару созгорро барои мардум муҳайё намояд ва дар ин кор мову шумо фаъолони тамоми соҳаҳо вазифадорем, ки дар сатҳи маҳал корҳои тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда, мардумро аз муҳтавои суханронии Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар дурусттар фаҳмонем, ки имрӯз вақти он расидааст ба зиёдаравиҳо, хурофотпарсатӣ ва бегонапарастӣ хотима бахшем. Пеш аз ҳама фикри оила ва фарзандони худро намоем, барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити хубу созгорро фароҳам сохта, онҳоро дар рӯҳияи худшиносию ифтихори ватандорӣ тарбия намоем. Имрӯз мо низ вазифадорем, ки дар баробари ҳама он хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ин миллат ҳастии худро бахшида истодаанд, боғ бунёд намоем, мактаб созем, роҳ бунёд кунем, дасти як ятиму бепарасторро гирем. Дар ин вақт мо худамонро соҳибватан меҳисобем, ки дар рушду нумуи Тоҷикистони азизамон саҳми худро гузоштем. Мо имрӯз бояд шукронаи ваҳдати миллӣ, истиқлоли меҳан, фазои оромии Ватани маҳбубамонро намоем, ки дар чунин як шароити хуб зиндагӣ дорем ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як кишвари амн мешиносанду эътироф менамоянд. Рисолати мо барои Ватан ин хизмати содиқонаву софдилона анҷом додан мебошад.
Ҳамазамон изҳор намуданд, ки то имрӯз пешравиҳо дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб рафта истодааст, вале ин моро қаноатманд карда наметавонад. Боз ҳам дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ, сохта ба истифода додани иншоотҳои гуногун албатта тибқи нақшаи тасдиқшуда корро ҷоннок намудан ин вазифаи ҳар яки мо масъулин мебошад. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони Ватандӯсти шаҳр бо як ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ҷиҳати иҷроиши дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хубро нишон дода истодаанд. Ҳамзамон, имтиёзҳо барои соҳибкорон низ муқаррар гардидааст ва вазифаи ҳар яки мо ин ҷалб намудани соҳибкорони саховатпеша мебошад. Инчунин, дар бораи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз изҳори назар намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур доданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти иҷроиш ва нақшаи истеҳсоли пилла, ҳамзамон масъулини соҳаи маориф вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои дахлдор андешанд. Ҳамзамон, бори дигар аз фаъолон даъват ба амал оварда шуд, ки бояд пеш аз ҳама худамон масъулиятпазир бошем ва дар иҷрои вазифаҳои худ содиқ буда, мардумро ба корҳои созандагӣ даъват намоем, меҳру муҳаббатро дар ниҳоди насли наврас ҷой диҳем то ки онҳо ватандӯсту ватанпарвар тарбия ёфта ба камол расанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кўлоб