Имрӯз дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии идона бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, собиқадорон, занону бонувони фаъоли шаҳр баргузор гардид.
Зимни баромади худ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба саҳми иштирокчиён расонида изҳор намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди шаҳрро самимона ба Рӯзи байналмилалии оила табрику муборакбод менамояд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойдории оилаҳо ҳамчун унсури муҳими ваҳдату ягонагии халқи тоҷик ҷиддӣ муносибат намуда, пайваста баҳри ташаккули оилаҳои ҷавон ва тарбияи насли наврас дар оилаи солим талош меварзад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Оила ниҳоди асоси ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солимии зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад”.
Инак 31 сол боз дар саросари кишвари азизамон ҳамасола дар таърихи 15 май Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки нишона аз фарҳанги баланди худшиносии миллати тоҷик аст.
Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки оила як рукни муҳими ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин, фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Яке аз ин марҳилаҳои муҳими зиндагӣ бунёди оила мебошад.
Оила ва устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст. Ободию пешрафти ҳар давлат, инчунин, маърифат ва фарҳангу ахлоқи мардум пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад.
Боиси тазаккур мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб тибқи маълумоти оморӣ 232 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аз ин 113 ҳазору 700 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ 2295 нафар, маориф 4010 нафар ва фарҳанг 130 нафар занону ҷавондухтарон фаъолияти пурсамар доранд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шумораи оилаҳои намунавӣ кам нестанд. Аз ҷумла, оилаи Талаб Нозимов, Зариф Валиев, Ғулом Исломов, Искандар Хоҷаев, Сайвалӣ Ёқубов, Шодӣ Холназаров ва даҳҳо оилаҳои дигарро метавон ном бурд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми босазои хешро гузошта истодаанд.
Боварӣ дорем, ки он анъана ва суннатҳои неки ниёгонамон, ки ба таҳкиму пойдории оила, покиву назокату иффати ҷавонон ва садоқату самимияти аъзои оила равона шудаанд, минбаъд низ аз тарафи сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб идома дода мешаванд.
Сипас, меҳмонон таманиёти худро ҷиҳати таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила ва дар сатҳи баланд баргузор намудани он ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки мо бояд модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баланд дошта бошем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.
Ҳамчунин ба навхонадорон ва тифлакон туҳфаҳои хотиравӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди шаҳрро самимона ба Рӯзи байналмилалии оила табрику муборакбод менамояд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойдории оилаҳо ҳамчун унсури муҳими ваҳдату ягонагии халқи тоҷик ҷиддӣ муносибат намуда, пайваста баҳри ташаккули оилаҳои ҷавон ва тарбияи насли наврас дар оилаи солим талош меварзад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Оила ниҳоди асоси ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солимии зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад”.
Инак 31 сол боз дар саросари кишвари азизамон ҳамасола дар таърихи 15 май "Рӯзи байналмилалии оила" таҷлил карда мешавад, ки нишона аз фарҳанги баланди худшиносии миллати тоҷик аст.
Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки оила як рукни муҳими ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин, фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Яке аз ин марҳилаҳои муҳими зиндагӣ бунёди оила мебошад.
Оила ва устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст. Ободию пешрафти ҳар давлат, инчунин, маърифат ва фарҳангу ахлоқи мардум пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад.
Боиси тазаккур мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб тибқи маълумоти оморӣ 232 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аз ин 113 ҳазору 700 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ 2295 нафар, маориф 4010 нафар ва фарҳанг 130 нафар занону ҷавондухтарон фаъолияти пурсамар доранд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шумораи оилаҳои намунавӣ кам нестанд. Аз ҷумла, оилаи Талаб Нозимов, Зариф Валиев, Ғулом Исломов, Искандар Хоҷаев, Сайвалӣ Ёқубов, Шодӣ Холназаров ва даҳҳо оилаҳои дигарро метавон ном бурд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми босазои хешро гузошта истодаанд.
Боварӣ дорем, ки он анъана ва суннатҳои неки ниёгонамон, ки ба таҳкиму пойдории оила, покиву назокату иффати ҷавонон ва садоқату самимияти аъзои оила равона шудаанд, минбаъд низ аз тарафи сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб идома дода мешаванд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати "Рӯзи байналмилалии оила" табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва хонаи ободро таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро шуд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” аз 5 марти соли 2024, №791, моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар асоси фармони болозикр, ҳамчунин, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-май аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо гурӯҳҳои корӣ доир гардид.
Зимни баромад роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар баромад намуда таъкид доштанд, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳо ва консепсияҳо дар самти кор бо занон ба тасвиб расидааст, ки ин аз сиёсати бобарору мувафақонаи роҳбари давлатамон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳҳои корӣ, ки аз ҳисоби занону бонувони фаъол, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад, ки мақсаду ҳадафашон ин пеш аз ҳама бо мардум аз наздик шинос шудан ва корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷиҳати иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон " ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, фарҳангӣ оиладорӣ, тарғиби либоси миллӣ, муошират ва дигар масъалаҳои марбут ба занону бонувон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб марказҳои савдо, кӯчаву маҳаллаҳо ва тариқи усули хона ба хона ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб зимни суханронии худ иброз намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамеша барои татбиқ намудани сиёсати кадрӣ аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд таваҷҷӯҳи беандозаи худро равона карда истодаанд ва дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо бояд мо пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон бо масъулият бошем.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки зимни вохӯриҳо бо занону ҷавондухтарон корҳои тарғиботиро бештар намуда, вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, аз ҷумла чакан ва атлас, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид ба рӯйхати мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд ва бояд ҳар як духтари тоҷик ин либосро ба бар кунад ва барои духтани он аз модарону чеварон истифода баранд.
Агар аз як ҷиҳат духти либосро аз худ намоянд, аз ҷиҳати дигар таҳаммулу зебоипарастии ҳар як ҷавондухтарон нисбати Ватан, модар ва ояндаи худ равшан менамояд. Пас вазифаи аҳли ҷомеа дуруст дарк кардан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти ҳамин масъалаҳо мебошад.
Дар интиҳо, масъулин ҷиҳати тамоми он дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо бонувон ҳамеша татбиқкунандаи сиёсати созандаву бунёдкорона ва роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва хоҳем монд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб