dv id="«r5cg»" " " ">"
 
Ҳамасола дар кишвар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб ва Тоҷикистони биҳиштосоро аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, саломатии бардавом, рӯзгори хушу хуррам, иқболи нек ва дар фаъолияти садоқатмандонаатон баҳри ободиву пешрафти мамлакати офтобиамон комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.
Маълум аст, ки муаллиф, ташаббускор ва муассиси ин ид, яъне ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта шудани 23-май, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро Пешвои муаззами миллат боварӣ ва итминон доранд, ки созандагони ин Ватан ҳамин қишри ҷомеа аст. Аз ҷумла сарвари мамлакат зикр намуданд: "Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат ва миллат мебошанд".
Пешвои муаззами миллат аз лаҳзаҳои аввали ба сари қудрат омаданашон, масъалаҳои ҷавононро дар маркази сиёсати хеш қарор доданд. Фикри мазкурро он далел собит месозад, ки Ҷаноби Олӣ бо гузашти каме зиёда аз ду моҳ пас аз роҳбари давлат интихоб шуданашон, сарфи назар аз вазъи муташанниҷ кишвар, 2-феврали соли 1993 бо Ҷавонон вохӯрӣ анҷом доданд ва атрофи масъалаҳои рӯзмарраи давр сӯҳбат доир карда, ҳамаро ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва обод намудани Ватани маҳбубамон даъват намуданд. Минбаъд ин вохӯриҳо анъанавӣ гаштанд.
Бо дарки муҳимияти масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва дастгирии давлатии онҳо, бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" бори аввал соли 1992 ва дуюмбора соли 1994 дар таҳрири нав қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Ҳамин тариқ дар замони соҳибистиқлолии кишвар нисбат ба қариб 70 фоизи аҳолии мамлакат-яъне ҷавонон-неруи созандаву бунёдкор, Тоҷикистон ҳимоятгари марзу бум роҳбарияти олии сиёсии мамлакаи таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид баҳри таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани техникаву технологияи ҳозиразамони иттилоотонӣ, забонҳои хориҷӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дар як муддати кӯтоҳ пурра бо компютер таъмин гаштанд. Ҳоло дар шаҳр 77 муассисаи таълимии соҳаи маориф, 1 Донишгоҳ, 1 Донишкада, 6 коллеҷ, 2 литсейи касбӣ-техникӣ, 1 маркази мустақили ҷавонон, 1 варзишгоҳи марказӣ, 185 майдончаҳои варзишии футбол ва дигар иншоотҳои инфрасохтори дар хизмати ҷавонон қарор дошта, бунёди чунин иншоот бо маром ҷараён дорад.
Хушбахтона ҷавонони босаодат ва бонангу номуси Тоҷикистони азиз низ бо шукргузорӣ аз ғамхориҳои беамсоли Сарвари хирадманду хирадсолори хеш, баҳри ободии диёр дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа аҳлона заҳмат кашида истодаанд.
Ба ростӣ муносибати ҷавонони Кӯлобшаҳри бостонӣ ба иҷрои қарзи фарзандӣ, яъне хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус даъвати тирамоҳии соли гузашта ва баҳории имсола боиси тааҷҷуб ва ифтихори ҳама сокинони ин шаҳри бостонӣ гардидааст. Онҳо бо як рӯҳияи баланди ватандорӣ, аксарият дар рӯзҳои аввали даъват ихтиёрӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуданд ва иҷрои нақша дар кӯтоҳтарин мӯҳлат таъмин гардид. Барои чунин ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватанпарварӣ бо истифода аз фурсати муносиб, зарур медонам ба онҳо ҳазорон аҳсану офарин гӯям.
Дар охир мехоҳам ба ҷавонони Кӯлобшаҳри бостонӣ муроҷиат ва даъват ба амал орам, ки биёед шукри давлати ободу озодро кунем. Дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш муттаҳид бошем ва тамоми қувваю тавоноии худро барои гулгулшукуфии биҳишти рӯйи замин -Тоҷикистон равона карда, нагузорем, ки ягон қувваи бадхоҳ ваҳдату ягонагӣ ва сулҳи сартосарии моро халалдор созад.
Рӯзи ҷавонони кишварро бори дигар ба ҳама муборак мегӯям, ҳамдиёрони азиз!
dv id="«r5ch»" ">"
 
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP