«Созишномаи умумӣ аз лихози ахамияти фавкулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиклол ва сохибихтиёри ато карда бошад, пас ин Созишнома сулху суботро дар сарзамини мо таъмин сохт»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози такони ҷидие дар хаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии хақамон бахшид. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалахои гуногуни зиндагӣ, бинобар сабабхо ва омилхои айни ва зехнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд.
Агар лаҳзае нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро пеши назар овардан кофист, то ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем. Нофаҳмиву зудбоварӣ, гаравишу пайравӣ, мазҳабпарастӣ, эътиқоду эътимоди ноҷо сабаби сарзании муноқишаҳо шуданд. Муноқишаҳое, ки хисороти зиёди ҷониву молӣ ва иҷтимоиро ба дунбол дошт. Кишвар ба гирдоби туфону кашмакашиҳо ва нофаҳмиву нобасомониҳо кашида шуд.
Авзои ноороми онвақтаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии кишварро танҳо сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонист ором ва истиқлолиятро пойдор созад.
Табиати сулҳҷӯёнаи миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои хаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Вобаста ба ин, дар яке аз суханронихои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки: «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам».
Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ гарм намуд. Ҳаёт нишон дод, ки Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Точикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон ба мо муяссар гардид. Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳи ва монанди инҳост. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳи дар алохидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вучуд дошта наметавонанд. Аз ин нигох, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.
Вахдати милли хамчун омили сарҷамии тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, мактаби суҳл парварони миллати тоҷик ҳамчун сабақи таърихӣ барои расидан ба сулҳ ва пойдории он дар баҳамоии қавму мазҳаб, муноқишаҳои қисме аз кишварҳои рӯи олам истифода мебаранд.
28 сол боз сулҳу ваҳдат пойдору устувор ва ба ин васила Истиқлолияти давлатӣ барқарор аст. Пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва устувории Истиқлолияти давлатиро дар ҳар қадам ва дар ҳар самт ба хубӣ эҳсос мекунем. Осудагию оромӣ, тинҷию амонӣ, шукуфоиву сарсабзӣ, ободониву фаровонӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, сол ба сол паст шудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ, риоя ва иҷрои талаботи Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун ва ба ин васила ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ ва амсоли инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ба даст омада, зина ба зина ташаккул ва рушд ёфта истодааст.
Хулоса,чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон имрӯзҳо болида ва бо ифтихор исбот менамояд,ки пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустахкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, моро такягоҳ аст.
Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем,
Пайравони Пешвои миллатем.
Музафарзода Муҳаммад – Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб