Ба муносибати Анҷумани 16-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар партави рӯзҳои истиқболи 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корвони маърифат баргузор гардида истодааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ Корвони маърифат дар ҳайати Ато Мирхоҷа-муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон, Абдулҳамид Самад- нависандаи халқии Тоҷикистон, Насимбек Қурбон-шоир, мудири шӯъбаи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", Наҷмиддин Салоҳиддинзода-нависанда, директори нашриёти "Рушди маориф" ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд. Меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Ҳақназар Ғоиб котиби масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб пешвоз гирифтанд. Нахуст чун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба Зан-Модар дар назди муҷассамаи Дуои модар маросими гулгузорӣ анҷом дода шуд. Сипас роҳбарияти шаҳр ва ҳайати меҳмонон мақбараи олими Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, ба руҳу арвоҳи эшон дуову фотеҳа хонданд. Дар идома дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода вохӯрии адибон бо хонандагон, донишҷуён ва аҳли адаби шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Бахши бойгонӣ- матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP