Имрӯз (26.04.2025) Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба як саҳнаи нодири адабӣ мубаддал гашт. Ҷилои маърифат, нурҳои сухан ва ҳавои дӯстдорӣ ба китоб фазои донишгоҳро фаро гирифтанд. Рӯнамоии нашри 7-уми қиссаи “Паррончакҳо”-и Абдулҳамид Самад-Нависандаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, на танҳо як рӯйдоди фарҳангӣ, балки як паёми зиндаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ буд. Ин чорабинӣ дар доираи “Корвони маърифат”, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ бо гулгузорӣ дар назди муҷассамаи саромади адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шурӯъ гардид. Дар маросими гулгузорӣ Ато Мирхоҷа-муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдулҳамид Самад-Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҳақназар Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон, Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, дотсент, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Насимбек Қурбон-шоир, мудири шӯъбаи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", Наҷмиддин Салоҳиддинзода-нависанда, директори нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ва ҳайати ҳамроҳону фаъолони шаҳр иштирок намуданд. Дар идома ҳайати меҳмонон ва иштирокдорон дар даромадгоҳи бинои маъмурии донишгоҳ аз намоиши асарҳои тозанашри нашриёти «Маориф ва фарҳанг» дидан намуданд. Зимни намоиш Наҷмиддин Салоҳиддинзода директори нашриёт дастае аз китобҳои тозанашр, аз ҷумла “Паррончакҳо”-и Абдулҳамид Самадро чун армуғон ба китобхонаи донишгоҳ тақдим намуд. Баъд аз дидани намоиши асарҳо, маросими рӯнамоии нашри 7-уми қиссаи “Паррончакҳо”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар толори фарҳанги донишгоҳ бо иштироки ҳайати меҳмонон ва устодону донишҷӯён сурат гирифт. Муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ аҳли илму адаб ва ҳайати ҳамроҳонро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро боиси шодии афзуни ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ арзёбӣ намуд. Зимнан таъкид дошт, ки мардуми фарҳангдӯсту адабгустари тоҷик аз шарафи истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳангу арзишҳои деринбунёди ниёгон даст ёфта, ба муаррифии чеҳраҳои маъруфу маҳбуби илму адаб, осори пурҳикмат ва рӯзгори ибратомӯзи эшон, ки сафобахши масири ташаккулу худшиносии наслҳои миллат гардидааст, шарафёб гардид. Баргузории иқдоми наҷибу фарҳангии “Корвони маърифат”, чун идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи тадбирҳои муассиру судбахш дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нек ва бунёди давлатории миллист. Ишора рафт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрагирӣ аз ин сиёсати фарҳангпарварона, бо татбиқи иқдомҳои наҷибу созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолати шарафмандона-тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳибкасбу худшинос, ватандӯсту маърифатпарвар қадамҳои устувор гузошта, бо мақсади ноил гардидан ба дастоварду музаффариятҳои боз ҳам чашмгир дар ин ҷода вохӯрии аҳли илму адаби кишварро бо ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ва донишҷӯёну муҳассилини муассиса мунтазам доир менамояд. Дар ҳошияи чунин вохӯриҳо, осори нависандагону адибони барҷастаи миллат ба таври шоиста муаррифӣ гардида, тавассути ҳамоишу суҳбатҳои созанда муҳтавои китобҳо ва таълифоти онҳо ба муҳассилину кормандон расонда мешавад. Ин раванд бевосита дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқии насли наврасу ҷавон нақши муассир мегузорад. Дар идома тибқи барнома Ато Мирхоҷа-муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҳақназар Ғоиб-Шоири халқии Тоҷикистон (ровии маҳфил), Наҷмиддин Салоҳиддинзода-нависанда, директори нашриёти «Маориф ва фарҳанг», Файзи Ашӯр-шоир, Одина Раҳмон-шоир, Насимбек Қурбон-шоир, мудири шӯъбаи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", Умаров Саидшоҳ-докторанти PhD-и кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳ, Шоинов Ҳасан муаллими калони донишгоҳ ва Давлат Латифӣ-ҳунарманди театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода суханронӣ намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни қиссаи “Паррончакҳо” ва жарфнои таълифоти нависанда ибрози андеша намуданд. Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад солҳост дар дунёи адабиёт заҳмат мекашад ва бо асарҳои «Баъд аз сари падар», «Паррончакҳо», «Шохи чинор», «Аспи бобом», «Пиёлаи шикаста», «Косаи давр», «Гардиши девбод» ва эҷодиёти доманадор ба дили ҳаводорони каломи бадеъ роҳ ёфтааст. Бо мутолиаи осори адиб маълум мегардад, ки ӯ на танҳо аз рӯзгори мардум менависад, балки ормонҳои миллӣ, ҳувияту худшиносӣ ва эҳсоси ватанхоҳиву ватанпарастии халқро мӯшикофона ба қалам медиҳад. «Паррончакҳо» маҳсули эҷоди оғози солҳои 80 асри ХХ нависанда Абдулҳамид Самад аст. Дар асар мавзуи такомули шахсият ва худшиносии ҷавонони деҳот, ки мисли чӯҷаҳои навбол аз зодгоҳ ва канори падару модар ҷудо гардида, ба хотири таҳсил ба муҳити пурғавғои шаҳр афтодаанд ва дар гирудори ҳаёти мустақилона аз рӯйи ирода ва орзуҳои ширин ба омӯзиши касбу дониш камар баста, ночор бо инсонҳои ноошно, гуногунхислат, падидаҳои зишту масъалаҳои ниҳоят сангин рӯ ба рӯ омада, зимни бархӯрдҳои оштинопазир аз ҷиҳати равонӣ ва маънавӣ обутоб ёфтаанд, тасвир ёфтааст. Ин гуфта дар тамоми осори ӯ таҷассум ёфтааст. Иҷрои сурудҳо ва мусиқиҳои дилнишин аз ҷониби кормандони хонаи фарҳанги муассиса дар бахши дигари маросими рӯнамоии китоб ба чорабинӣ ранги тоза бахшида, фазоро пур аз шодиву нишот намуд. Дар анҷоми маросими рӯнамоии китоб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад бо сухани самимиву пурмуҳтаво баромад намуда, изҳори сипосу қадрдонии хешро ба унвони раёсати донишгоҳ ва тамоми ташкилкунандагони ин чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баён доштанд. Ӯ ин иқдоми наҷибро ҳамчун саҳми арзандае дар тарғиби китобу китобдорӣ ва арҷгузорӣ ба илм арзёбӣ карда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба мардуми Тоҷикистон сулҳу оромӣ, ваҳдати пойдор ва пешрафту шукуфоии ҳамешагӣ орзу намуданд. Муҳаммадҷони Абдувоҳид, рӯзномаи “Анвори дониш”
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP