Зери ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастурҳои саривақтии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта субҳи имрӯз 1200 нафар кормандони касбу кори гуногун дар Ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор ва Зиракии шаҳри Кӯлоб ба ҳашари дастаҷамъона барои кӯмак расонидан ба марди деҳқон сафарбар гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд рӯз мешавад, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони соҳаҳои мухталиф, ҷиҳати кӯмак намудан ба марди деҳқон, ки аз масъулият ва ҳисси ватандӯстии ҳар як шаҳрванди бедордил гувоҳӣ медиҳад, бо як меҳру муҳаббат ва рисолати ҷавонмардӣ барои кумак намудан ба марди деҳқон сафарбар мегарданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб