Санаи 2 ноябри соли равон маорифчиёни шаҳру деҳоти Кӯлоб дар баробари дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои марбута зери ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб истифода аз рӯзҳои истироҳатӣ, боду ҳавои мусоид ва беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед ба хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб кӯмак расониданд.
Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд рӯз мешавад бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр ва сокинони хурду бузурги деҳаҳои гирду атрофи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр ҷиҳати расонидани кӯмак ба марди деҳқон, ки аз масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстии ҳар як шаҳрванд гувоҳӣ медиҳад, бо як меҳру муҳаббат ва рисолати ҷавонмардӣ сафарбар гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳашари дастаҷамъонаи имрӯза зиёда аз 1000 нафар кормандони касбу кори гуногун ва сокинон саҳмгузорӣ намуданд. Чунин иқдомҳои дастаъҷамона минбаъд низ идома меёбад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб