Санаи 26 декабри соли 2024 бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи миллитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ба номи Рустами Абдураҳим доир гардид.
       Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, афсарону курсантон ва собиқадорон иштирок намуданд.
Дар оғоз меҳмонон аз дастовардҳои кормандони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи миллитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб дидан намуда, аз наздик бо онҳо шинос шуданд.
            Бо садо додани Суруди миллӣ ва ворид гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 10-солагии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи миллитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб оғоз гардид.
         Дар оғоз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда изҳор доштанд, ки даҳ сол аст дар шаҳри Кӯлоб «Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст. Имрӯз ҳама ҷамъ омадаем, ки ин санаи муборакро ҷашн бигирем. Бо истифода аз фурсати муносиб пеш аз ҳама аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид мехоҳам ҳамаи Шуморо ба муносибати ин санаи муборак табрику муборакбод гуфта, саломатии бардавом, рӯзгори хурраму осуда, осмони софу беғубор ва дар кори минбаъдаи таълиму тарбияву азбаркунии касбу ҳунар муваффақиятҳои нав ба нав таманно намоям. Ба ҳамагон хуб маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳсил таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон, касбомӯзии онҳо диққати аввалиндараҷа медиҳад ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар яке аз суханронии худ зикр намуданд, ки «агар имрӯз ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи миллату Ватани хеш бо масъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо тадриҷан ба зоҳирпарастӣ табдил ёфта, дар доираи ифтихор аз ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани ин рисолати таърихӣ саъю талош менамояд, ки ҷавонони мо соҳиби илму дониш, касбу ҳунар ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии васеъ гарданд». Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат буд, ки 10 сол муқаддам бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №354 аз 7 августи соли 2014 арзи вуҷуд намуд. Як хусусияти хоси Коллеҷи мазкур аз дигар муассисаҳои ҳамноми ҷумҳурӣ аз он иборат мебошад, ки он бо мақсади омода намудани мутахассисони воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳисоби ятимону бепарасторон, фарзандони кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон фавтидаанд ва дигар шаҳрвандон таъсис дода шудааст. Ин бори дигар далели дурандешиву оқилии Пешвои муаззами миллат мебошад. Қобили қайд аст, ки дар давоми даҳ соли фаъолият Коллеҷро наздик ба 1000 нафар хатм намуда, айни ҳол дар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият карда истодаанд. Боз ҳама бо ғамхориҳои беназири Сардори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар Коллеҷ барои таълиму тарбия тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Пояи моддию раванди таҳсилро 2 толори техникӣ, аз ҷумла 1 толори варзиши, 2 толори лексионӣ, 12 синфхонаҳои махсуси кафедравӣ (компютерӣ, ронандагӣ, англисӣ, оташфишонӣ, криминалистӣ, назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, забони русӣ, дақиқ ва техникӣ, тактикаи махсус, фанҳои махсус, ҷамъиятӣ), 1 китобхонаи умумӣ, 1 майдончаи варзишӣ ва 1 майдони сафороӣ ташкил медиҳанд. Коллеҷ аз лиҳози воситаҳои нақлиётӣ ҳам муҷаҳҳаз мебошад. Айни замон дар Коллеҷ ба 386 нафар курсантҳо ва рекрутҳо, 36 нафар мутахассисону кормандон таълиму тарбия дода истодаанд. Боварӣ ва умед дорем, ки курсантҳо ва рекрутхо аз ин имкониятҳои мусоид, ки барояшон фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода намуда, саъю кушиш мекунанд, ки соҳибкасби ҳақиқӣ - ин боргоҳи касбу ҳунарро хатм кунанд ва фардо дар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси варзида ба халку ватани хеш содиқонаю саодатмандона хизмат намоянд.
             Бори дигар 10-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро ба ҳамаатон муборакбод мегӯям. Дар охир, азбаски дар арафаи вуруди соли нави мелодии 2025 қарор дорем, ба ин муносибат низ ҳамаи Шуморо шодбош гуфта, орзуманди онам, ки он барои ҳар яки фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ҳамаи ҳузурдоштагонро аз ҳар ҷиҳат бобарор биёяд ва соли авҷи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар саросари сарзамини Тоҷикистони биҳиштосо гардад.
            Дар идома дигар баромадкунандагон роҷеъ ба таъсисёбии ин ниҳоди қудратӣ ва фаъолияти он сухан намуда, изҳор намуданд, ки ин муассиса тавонист дар зарфи 10-соли фаъолияти худ беҳтарин мутахассисони соҳаро баҳри таъмин намудани амнияти ҷомеъа омода намояд ва имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ содиқонаву софдилона хизмат карда истодаанд.
              Дар идома, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои ҳамаҷониба бахшида ба 10-солагии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи миллитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шуданд.
              Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб як қатор кормандони ин муассиса бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин барои пайваст намудани шабакаи электронӣ ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи миллитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр як адад компютер тақдим карда шуд.
              Дар интиҳои чорабинӣ барои иштирокчиён қисмати чорабинии фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
 
                                                                                            Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP