МАШҚИ ҒАЙРИНАҚШАВӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таҳти №11 аз 11 апрели соли 2025 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳо” дар шаҳри Кӯлоб машқи ғайринақшавӣ вобаста ба пешгирӣ намудани офати табиӣ дар рӯзҳои 17-19 апрели соли 2025 дар мавзеъҳои хавфноки ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб як қатор тадбирҳои амалӣ андешида шуд.
Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб, амри раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр №58, аз санаи 14.04.2025 ба тасвиб расид. Дар доираи амри мазкур нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳия гардида, раисони комиссияи ҳолатҳои фавқуллода, сардорони хадамотҳо, ҷамоату деҳот ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ сафарбар карда шуданд.
Аз ҷумла дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситоди комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳр зери роҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини аввал, муовинон, роҳбари дастгоҳ, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ майор Сайдаҳмадзода Бахтиёр ва дигар аъзоёни комиссия иштирок намуданд. Ба аъзоёни ситоди комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Кӯлоб дар ҷаласаи мазкур оид ба дар ҳолати омодабош қарор доштан ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Дар идома раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул аз мавзеъҳои хавфноки ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана дидан намуданд. Тибқи иттилои масъулин айни замон бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ҷамоати Кӯлоб бомаром рафта истодааст. Дар деҳаи Мирапоқи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб дар ҳошияи андешидани тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тахтасангҳои оҳану бетонӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар як шабонарӯз 30-адад тахтасангҳо омода карда шуда, баъди 1-рӯз ба мавзеъҳои хавфнок интиқол дода мешаванд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз раванди истеҳсоли тахтасангҳо дидан намуда, барои пешбурди фаъолияти онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Кӯлоб ба таври шабонарӯзӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ дар шаҳру ҷамоатҳои Кӯлоб идома дорад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб