Баҳорро фасли ошиқӣ мегӯянд. Шояд ин мафҳум аз ҳақиқат дур набошад.Зеро дар ин фасли зебову гулпӯш ҳолати руҳии инсон, бахусус ҷавонон, болида мегардад. Дар ин фасл,албатта, дил ба фараҳ меояд.Дар ҳақиқат,баҳор фасли розгӯйии дили ҳар як ҷавон аст. Кас мехоҳад, бештар дар оғӯши табиат бошад ва аз шоҳкориҳои он нашъа бубарад. Беҳуда нагуфтаанд, ки баҳор арӯси сол аст. Баҳор, Наврӯз, гул, булбул, сабзаву себарга ҳамаи ин мафҳумҳое ҳастанд, ки дар эҷоди шоирону офаридаҳои мардумӣ чун образ бозтоби ҳолати рӯҳӣ ва бештар намои зоҳирии ошиқ ва маъшуқ таҷассуми худро ёфтаанд.Бахусус, дар рубоиҳои мардуми Кӯлоб чунин манзараҳо зиёд вомехӯранду хеле моҳирона корбаст шудаанд. Аз мутолиаи чунин сароидаҳои мардумӣ рӯҳ болида мегардаду завқ навозиш меёбад.
Наврӯз шудасту дастаи гул бар дастум,
Аз накҳати ҷонфизои гулҳо мастум.
Эй дуст, биёю оштӣ бар ман кун,
Ҳоло ки саломату ба ёдат ҳастум.
Рубоии болозикр хеле шоиронаву моҳирона суруда шудааст. Дар ин ҷо муроҷиати ошиқ ба маъшуқ аст, ки қабл аз ҳам ранҷида буданд ва дар ин фасли зебоиБаҳору Наврӯз оштӣ кардан мехоҳанд. Бахусус мисраи дуюми рубоӣ: Аз накҳати ҷонфизои гулҳо мастам.Ҳолати рӯҳии ошиқро хеле хурсанду болида нишон дода, мазмуни рубоиро рангорангу дилкаш гардонидааст.
Ё рубоии дигар:
Эй, бе ту маро Баҳору Наврӯз мабод,
Эй, бе ту маро умр бо як рӯз мабод.
Умре, ки маро бе ту худо бахшидааст,
Як лаҳзаву як соату як рӯз мабод.
Албатта, зиндагӣ бе ёр маънӣ надорад. Инсонҳо ба ҳам ҷуфт офарида шудаанду то охир умр бояд вафодори якдигар монанд.Гӯяндаи рубоии боло худро дар зиндагӣ бе ёр тасаввур карда наметавонад. Ҳатто Наврӯзу Баҳор бе ёр ба ӯ хуш нест.
Дар рубоии дигар омадааст:
Ай тори ҳаво борон боридан гира,
Ай таҳти замини сабза дамидан гира.
Ҳар гоҳе мара хумори дилбар гира,
Оҳе мекашум сабзаи тар дар гира.
Тавре дар боло ишора шуд, Баҳор фасли ишқу ошқист. Аз мазмуни рубоӣ бармеояд, ки фироқи ҷудоӣаз ёр ошиқро ғамгин намудааст. Боридани борону дамидани сабза ва омадани баҳор хумори дидори ёрро меорад. Ошиқ ҳолати рӯҳияшро бо як дараҷаи баланди муболиға (иғроқ) иброз намудааст, ки аз фироқи ёр оҳ кашиданҳояш ҳатто сабзаи тар оташ мегирад. Ин гувоҳ аз он аст, ки агарчанде ин рубоӣ сирф моли халқ аст, яъне гӯяндаи вай шоири касбӣ нест, аммо бо як маҳорати баланд эҷод шудааст.
Эй духтари ҳамсоя,нигорем маву ту,
Булбулаки шӯхи навбаҳорем маву ту.
Дар айни баҳор ту гул шавӣ, ма булбул,
Гунҷишкаки зору беқарорем маву ту.
Дар ин рубоӣ ошиқ метавонист матлабашро бо як ҷумла: даҳонӣ ва ё хаттӣ иброз намояд: «Ман туро дӯст медорам!». Аммо, вақте ки ҳиссиёти дӯстдориашро бо шеър иброз мекунад,таъсирнокиаш даҳчанд меафзояд. Албатта,маъшуқа аз ин ба шавқ меояд. Бо ишқи ҳақиқии ошиқаш боварӣ ҳосил мекунад. Агар амиқтар ин рубоиро ба риштаи таҳлил кашем, дармеёбем: дар мисраи аввал бо ҳам мувофиқу муносиб будани ду дилдода; дар мисраи дуввум: ду булбуле, ки яъне ду ёр дар ин фасли баҳори нозанин хоҳиши бо ҳам омадан доранд; дар мисраи сеюм: маҳз, дар фасли баҳор булбул сайри гулистон мекунад, яъне дар баҳорон ба висоли дидори якдигар мерасанд: дар мисраи чорум: чаро мақсадамонро пинҳон дорем, охир? Ҳар ду якдигарро дӯст медорем.
Мӯят гулу рӯят гулу дар сар задӣ гул,
Раҳ гаштани ту мисоли ларзидани гул,
Дар боғ равӣ, бишинӣ дар сояи гул,
Муҳтоҷ шавам барои як дидани гул.
Дар рубоии боло ошиқ маъшуқи худро хеле зебо, ба мисли гул тасвир кардааст.Ҳатто хиромидану роҳ рафтани ёрро ба ларзидани гул монанд намудааст.Рафтани ёр ва сайр кардани ӯ дар боғу гулистон ошиқро ба ваҷд овардааст.То андозае, ки ӯ ба дидани чунин боғу гулистон муҳтоҷу интизори ёр аст. Ғояи рубоӣ, ин орзуи сайру гашти ошиқ бо маъшуқаш дар гулистон ва дар оянда расидан ба висоли якдигар мебошад.
Дар аксар рубоиҳои мардуми Кӯлоб чунин тасвирҳои дилчаспи ҳунармандона ба назар расида, дар ҳар кадоми он як манзараи зебоии ҳаёти инсон тасвир меёбад. Ҳар як гӯяндаи рубоӣ бо маҳорат ва истеъдоди нотакрори ниҳоят форам, дилкаш ва самимӣ вазъи чеҳраҳои ғиноии рубоиро бозгӯ менамояд ва рози ӯро ифшо месозад.
Нигоро, ту гули сурхию ман зард,
Ту аз шодӣ шукуфию ман аз дард.
Биё, он сурхгул ба зардгул неҳ,
Ки дар боғ ин ду гул бо якдигар беҳ.
Дар бархе аз рубоиҳои мардумии Кӯлоб образи гулу булбул рамзи ифодаи фироқу дурии ёр, ё ҷудоии ду дилдода тасвири худро ёфтааст. Ба ин маънӣ,фолклоршиноси шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон Раҷаб Амонов дар як мақолааш чунин қайд карда буд;
«Рубоиҳо ишқи поки самимиро ситоиш мекунанд. Онҳо гаштаю баргашта мефаҳмонанд, ки ба қадри ин гавҳари арзанда расидан лозим аст. Ваҳшитабат ва золиманд онҳое, ки ишқро зери по мекунанд ва ошиқро ҷазо медиҳанд».
Ҳар гоҳ чамани куи туро ёд кунам,
Сад оҳу фиғон аз дили ношод кунам.
Дур аз гули рӯи ту чунонам ки дигар,
Булбул шаваму ҳазор фарёд кунам.
Дар ҳақиқат, гӯяндагони халқӣ дар қатори дигар ашёву мафҳумҳо, бесабаб Баҳору Наврӯз ва гулу булбулро ҳамчун образи марказии қаҳрамони ғиноии рубоиёти худ интихоб накардаанд. Ба андешаи мо, маҳз мафҳумҳои номбаршуда тавонистаанд, дархӯрди матлаби офаридагони ин рубоиҳо бошанд.Зебоиҳои табиати нотакрор. гулу булбул, фасли Наврӯзи хуҷастапай ҳанӯз аз замонҳои хеле дур,дар зери номи худ тавонистаанд, дарди дили ошиқонро таҷассум намоянд.
Дар мулки Кӯлоб як гули хандон худутӣ,
Садбарги миёни навҷавонон худутӣ,
Мардум гули сурха дар баҳор металабанд,
Гулҳои шукуфтаи замистон худутӣ.
Абдулқосим Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ, устоди Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ