Баъди иди Истиқлолият, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст, барои миллати тоҷик рӯзи ба имзорасии Созишномаи Истиқрори сулҳи тоҷикон 27-июни соли 1997-иди Ваҳдати миллӣ бузургтарин иди миллӣ ҳисобида мешавад.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки бо парокандашавии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ худованд ба миллати тоҷик соҳибистиқлолиро арзонӣ дод. Сад афсус, ки бадхоҳони миллати точик нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмакашу ҷангҳои бародаркуши таҳмилии худ хело гарон сохтанд.
Хушбахтона, мо ба рӯзи неки 27-июни соли 1997 расидем. Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони баору номуси тоҷик таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияти камназари таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Агар Ваҳдат набошад нест миллат,
Агар Ваҳдат набошад нест давлат.
Агар Ваҳдат набошад нест номус,
Наҷоти Тоҷикон аст, Ваҳдат.
Дар ҳақиқат наҷоти Тоҷикистон дар Ваҳдати миллӣ аст. Дар натиҷа аз соли 1997 сар карда, пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ ба Тоҷикистон муяссар гардид, ки сол то сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2000-ум ба рушди иқтисоди миллӣ оғоз намояд.
Бо ташаббусу иқдомҳо ва ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 32-соли Истиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуда, ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ карда шуд.
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти камуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқавори ва саноаткунонии босуръати кишвар ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил дода шудаанд.
Ин миллат ба хиради азалиаш дар таърихи пурфоҷиаи худ, ки ба беадолати бемисл рӯ ба рӯ шудааст, тавонист, ки фарзандони бофазилату тамаддунофар, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро тарбия ва ба комил расонад.
Хушбахтона ба хости Худованд ба вориси арзандаи ин қаҳрамон-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ҳамчун аввалин сарвари давлати навини тоҷикон, таъмини соҳибистқиқлолии давлат ва шоҳсутуни асосии ин соҳибистиқлоли Ваҳдатӣ миллиро далеронаву шуҷоатмандона ҳифз намояд. Тоҷики давлатдору сулҳпарвар ғояи ваҳдати миллиро дар ҷои аввал гузошт.
Сармеъмори сулҳу Ваҳдати худро дар мисоли фарзанди сарсупурдаи хеш Эмомалӣ Раҳмон дарёфт.
Бо фазилати атои худованди миллати тоҷик роҳу равиши сулҳофарӣ, ватансозӣ ва миллатсозиро пеша намуд.
Хушбахтона, Ваҳдати миллӣ 26-сола шуд. Имрӯз масъулияти олии ватандорию ватансозӣ бар души мост. Мо ин рисолатро ба ҷону дил иҷро мекунем.
Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги миллати тоҷик дар асри 20 ба шумор меравад. Ин ваҳдат моро ба сӯи якдигарфаҳмӣ, ватансозӣ раҳнамоӣ мекунад.
Имрӯз тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, тинҷию осудагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, омӯхтани таърихи фарҳанги миллат вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Ифтихори миллӣ эҳсоси гарму гувороест, ки фарзандони миллатро бо роҳи созандагию бунёдкорӣ ба хотири ободии Ватан оромии сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, нигоҳдорӣ ва афзун гардонидании мероси таърихиву арзишҳои фарҳангӣ роҳнамоӣ мекунад.
Мову шумо бояд Ватани худро дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ бирасем ва ҳамеша шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва Ваҳдати миллиро намоем.
Давлатҷон Ғафорзода, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб
Ҳамдиёрони азиз!
26 сол муқаддам боз як воқеаи сарнавиштсоз дар таърихи мардуми тоҷик ба вуқуъ пайваст. Яъне, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ҷонбозиҳо, гузаштҳо ва иқдомҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оқибат самараҳои нек ба бор оварданд ва сулҳи деринтизори сартосарӣ кишварамонро фарогир шуд. Инак 26 сол аст, ки халқи Тоҷикистон дар фазои амну субот кору зиндагӣ доранд. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш Шумо ва дар шахси Шумо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб ва мардуми Тоҷикистони азизро самимона табрику муборакбод гуфта, саломатӣ, саодати рӯзгор, хонаободӣ ва ба ҳамагон сулшу ваҳдати абадиро орзумандам.
Мо, ки оқибатшои хунину дашшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаем бояд ба қадру қиммат ва манзалати сулҳу ваҳдат бирасем ва онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Зеро ҳамчунон, ки Пешвои муаззам ва хирадсолори мардуми Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон уайд карданд: «Воқеан, Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини мо дастоварди бузург ва неъмати муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат заминаи бунёдии вусъат ёфтани корҳои ободонии Ватани азизамон – Тоҷикистонро фароҳам овард».
Бо боварӣ пурра метавон гуфт, ки маҳз аз файзу баракати ваҳдати миллӣ дар таърихи навини худ, кишвари мо аз хатари парокандагӣ эмин монд, оқибатҳои фоҷиабортарин ҷангро пушти сар кард ва хушбахтона тули 26 сол аст, ки дар роҳи рушд қарор дорад. Пас аз он, ки сангарҳои ҷанг нест шуданд, Ҳукумати мамлакат имкон пайдо кард, ки нигоҳи худро пурра ба ҳалли масъалаҳои дохилӣ равона намояд. Дар тули 26 сол пас аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, он қадар корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ анҷом пазируфтанд, ки амсолашонро таърихи мамлакат ёд надорад. Дар ин миён сохтмонҳои роҳи оҳани паҳнбари Бохтар (Қурғонтеппаи собиқ) – Кӯлоб, Неругоҳҳои барқии обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, нақбҳои Истиқлолу Шар-Шар, Фуръдгоҳи байналмиллалии Кӯлоб ва боз садҳову ҳазорон иншоотҳои хурду бузургро метавон ном бурд, ки кайҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд ва дар хизмати мардум мебошанд. Танҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бунёд, азнавсозӣ ва таъмири 830 иншоот таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Боиси қаноатмандист, ки аксарияти ин иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба зебогии шаҳр ҳусни тоза зам карданд ва дар онҳо садҳо ҷойҳои нави корӣ арзи вуҷуд намуданд. Ба пешвози ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурӣ боз сохтмон, таъмир ва азнавсозии 492 иншооти дигар ба нақша гирифта шудаанд ва аз ин ҳисоб аллакай беш аз 80 ададаш ба истифода дода шуданд. Дар иншооти дигар корҳо бомаром идома дорад ва умед аст, ки то баргузории ҷашн нақша иҷро мешавад.
Ин 26 сол бори дигар собит сохтанд, ки ҳар як давлату миллат танҳо ба туфайли сулҳу ваҳдати сартосарӣ оянда дорад. Маҳз ба баракати ин ду неъмати бебаҳо метавонад пойдор монад, гул – гул шукуфад ва дар пояҳои хеле баланди ободию рушд қарор бигирад. Бинобарин бори дигар таъкид менамоям, ки ҳифзи ин ду неъмат вазифаи муқаддас ва қарзи имониву виҷдонии ҳар як фарди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандии мардуми Тоҷикистон аст, ки таҷрибаи сулҳофарии моро институтҳои бонуфузи байналмиллалӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд. Дар пасманзари таҳавуллотҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик, давлату халқи сулҳпарвару сулҳофар муаррифӣ гардида, таҷрибаи сулҳу тоҷикон барои дигар мамлакатҳои ҷаҳон дарси ибрат гаштааст.
Ҳамчунон ки Сардори давлати тоҷикон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд, «Таҷрибаи дар фосилаи кутоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳамияти байналмиллалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмоншои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям, имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки «Сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулшпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Боз ҳам аз рўи таъкидҳои Ҷаноби Олӣ «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба суйи ояндаи ободу осуда ва мушимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Суханшои худро мехоҳам бо мисраҳои шеърии бисёр ҳам пандомези шоири маъруфи тоҷик Камол Насрулло ба поён расонам:
Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост,
Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост.
Ин вожаро ба лаб ба коми шуста гир,
Бар қиблаи умед ваҳдат салоти мост.
Дар охир бори дигар 26-умин солгарди Вашдати миллиро ба ҳамагон муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки эҳсоси ягонагӣ ва ҷудонопазирӣ ҳамсафари доимии ҳаёти музаффари ҳар як фарди ин ҷомеа бошад.
Рӯзи ваҳдати миллӣ мубораку фархунда бод!
Мо ҳамарӯза дар моварои ҷангҳои иттилоотӣ қарор дорем... Дигар кишварҳо ҳам... Тамоми дунё... Ин бархурдҳо аз мухолифати андешаҳо, хостҳо ва амалҳои эҳтимолӣ сарчашма мегиранд, ки шаклгирии ояндаи ҷамъият аз ғолибияти тараф вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад, дар баробари гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки мақсадашон халалдор кардани фазои маънавӣ ва ба анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ таҳрик додани ҷомеа мебошад, бояд рӯйрост мубориза бурд.
Албатта ҳастанд баъзан мавридҳое, ки аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ пушти номҳои ҷаълӣ, яъне фейкҳо истодаанд ва бе ягон эҳсоси масъулият ба бадном кардани шахсиятҳои сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ машғул шуда, таассуроти мусбии ҷомеаро хароб мекунанд. Бо ин тоифа метавон аз усулҳои худашон истифода бурд. Аммо, мутаассифона бисёр во мехӯрем, ки ҳатто баъзан зиёиёни мо бо вуҷуди такягоҳи қавии маънавию сиёсӣ доштан, дар майдони муборизаҳои иттилоотӣ хеле оҷизона ва пушти номҳои мустаор иштирок мекунанд. Агар рӯйрост ҳам иштирок кунанд, чунон лутфу муҳаббат ва самимияте нисбати як террористи қотил ва экстремисти ҷоҳил нишон медиҳанд, ки ин хел самимиятро дар муносибат бо хешону наздикони худ нишон надодаанд. Аз он сӯ таҳқиру таҳдид ба давлату миллат, аз ин сӯ такаллуфу марҳамат...?! Ба ҷойи он, ки пурра нодуруст будани ақидаҳои носолими рақибро фош сохта, дар маърази ом ночиз будани ҳайсияти ӯро ҳувайдо созад, баръакс, нотавонона ибораҳои “ман ба Шумо эҳтиром дораму...”, “гузаштагони Шумо бисёр шахсони бузург буданду...”, “ман дар симои Шумо як сиёсатмадори донишмандро мебинаму...”... Ё худ гурӯҳи дигари тарсувокунишгарони мо ба насиҳат мегузаранд... Агар ба таҳлил назар афканем, беш аз 90% вокунишҳо ба муқобили ақидаҳои ифротӣ хусусияти насиҳат кардани тарафро дорад. Насиҳат хуб аст, аммо ба кӣ?! Мисле, ки фаромуш карда бошем, ин тоифа мисли манқуртанд ва насиҳатҳои “падарона”-и примитивӣ бо мазмуни “роҳи интихобкардаат роҳи бад аст, аз ин роҳ баргард”, ин ҳам бе ягон асосноккуниҳои қавӣ, на танҳо ӯро аз роҳаш намегардонад, балки устувортар сохта, бадтар аз ҳама, сафи ҷонибдоронашро зиёд мекунад. Тавре мебинем, бисёр вақтҳо ровиёни гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ соатҳо кафки даҳон парронда, аз он ифтихор мекунанд, ки фалон барномаашонро аз сад ҳазор то беш аз миллион нафар тамошо карда, фалон миқдори дигар писандиданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шояд аксарияти тамошобинони онҳо танҳо ба хотири изҳори нафрат ба ақидаҳои экстремистии онҳо ба саҳифаашон сар задаанд. Ба ин хотир чунин раванд ҳатман бояд танзимшаванда бошад. Шарт нест мо ҳамаро ба вокуниш додан даъват кунем ва хоҳиш кунем то соати 2-3-и шаб як сафсатагӯро гуш карда, бо дасти худ сафи шунавандагони ақидаҳои экстремистиро зиёд созем. Тавре дар боло гуфтем, бисёре аз чунин вокунишҳои “хом” натиҷаҳои баръакс медиҳанд. Дар ин ҷода мебояд нақши Академияи миллии илмҳо ва Маркази татқиқоти стратегиро ба ҷойи асосӣ барорем. Агар 10-12 академику докторони мо, ки пешсафтарини табақаи зиёиёнамон ба ҳисоб мераванд, ба ҳисоби миёна дар як моҳ як вокуниши мустаҳкам ва асоснокро муқобили як ақидаи ба тафаккури ҷомеа хатарнок пешниҳод кунанд. Баъдан, дар ҳошияи ин вокунишҳои солим тули як моҳ садҳо нафари дигар андешаҳои созандаи худро баён мекунанд ва он 10-12 вокуниш ва зервокунишҳо камаш барои як сол таъсирашон кифоя аст. Ба унвони мисол, бубинед, ки як мақолаи Ятимов Саидмуъмин Сатторович то чанд моҳ фазои иттилоотиву идеологии ҷомеаро пурра месозад ва таъсири ақидаҳои ифротиро ночиз мегардонад. Ё худ дар ёд дорем, ки баъзе мақолаҳои дар вақташ чопшудаи Фаттоҳзода Саидмурод Самад, Абдуллои Раҳнамо, шодравон Сӯҳроб Шарифов ва ҳатто як пора шеъри Бозор Собир аз як тараф фазои маънавии ҷомеаро пур карда, боиси то чанд моҳ гуфтумонҳо миёни мардум мешуданд, аз сӯи дигар дар муқобили ақидаҳои ифротӣ зарбаҳои ҷонкоҳ мегардиданд. Боқимондаи қудрати зеҳнии ҷомеа беҳтар аст дастовардҳои рӯзафзуни кишварамонро боҳунарона тарғиб намоянд ва нерӯи маънавию ҷисмонии ҷомеаро ба анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ сафарбар созанд. Интизор нашавем, ки кай кадом як хоини давлату миллат айбҷӯӣ карда, ба истилоҳ “думи сагат каҷ” гӯяду мо танҳо баъд аз ин ҳолатҳо “каҷ нест” гуфта вокуниш диҳем. Зеро баёни ҷанбаҳои мусбии вазъи имрӯза, расидан ба қадри озодиву соҳибдавлатӣ, умед бахшидан ба оянда нек ва такон додани андешаи ҷомеа барои бунёди ояндаи босаодати хеш муҳимтарин самти идеологияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Аз усулҳои дигаре, ки имрӯзҳо кишварҳои абарқудрат дар баробари рақибонашон истифода мебаранд, ин дастраснамоии иттилоот тавассути барномасозони ҳирфаӣ мебошад. Азбаски имрӯзҳо фазои маҷозӣ ба як майдони муҳорибаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, кишварҳои алоҳида дар бахши низомиву мудофиавиашон ин масъаларо пурра ба назар гирифтаанд. Яъне, ба сарбозон дар баробари омӯзонидани машқҳои тактикӣ ва истифода аз яроқҳои гуногуни оташфишон, ҳамзамон усулҳои ҷанг тавассути компютер, интернет ва дигар василаҳои мухобиротиро низ омӯзонида истодаанд. Пас мо ҳам чунин имкониятро дорем, ки дар марҳилаи аввал дар ҳар як қисми низомӣ камаш як синфхонаи компютерӣ бо 10 то 15 адад компютери замонавӣ кушода, ба сарбозон тактикаи муҳорибаҳои иттилоотиро омӯзонем. Ҳамагӣ 6 моҳ кифоя аст, ки тариқи курсҳои махсуси омӯзишӣ тренерони ботаҷриба аз ҳисоби афсарон дар ин самт омода сохта, омӯзиш дода барои дарс гуфтан ба сарбозон ба қисмҳои низомӣ сафарбар кунем. Дар миёни сарбозон ҳам кам нестанд ҷавононе, ки маълумоти олӣ дошта, тарзи кор бо компютер ва интернетро хуб аз худ кардаанд. Як гурӯҳи махсус аз ҳисоби ин сарбозони маълумоти олидор ташкил кардан мумкин. Ин тартиби кор ба мо имкон медиҳад, ки бо истифода аз нерӯи маънавии сарбозони содиқи Ватан ба таври шабонарӯзӣ ва бе миннати бархе зиёимаобон ва бе хароҷоти калони пуливу молӣ фазои иттилоотии кишварро аз ҳуҷумҳои иттилоотии душманон ҳифз намоем. Дигар ин ҷо гап дар бораи 50-100 ё 500 вокуниш не, балки даҳҳо ҳазор вокунишҳои гуногун меравад, муҳимтар аз ҳама – муташаккилона! Дар масоили андешаҳои мусбӣ низ бештар аз ин теъдод. Дар сурати истифодаи дуруст аз ин ва дигар механизмҳои таъсиррасон баъди 5 сол хоҳем дид, ки фазои идеологии Тоҷикистон ба куллӣ дигар шуда, кишварамон ба як қудрати иттилоотӣ дар минтақа табдил ёфтааст. Зеро мо аз азал мардуми боистеъдодем, танҳо роҳ кушода, имконият фароҳам овардан кифоя аст, ки ҷавонони мо ҳайсияту истеъдоди худро ба намоиш гузоранд. Масалан, чанд сол пеш фаъолони ҷомеа дар ҳар фурсати муносиб аз он афсус мехурданд, ки ҷавонони имрӯза – насли Рӯдакиву Фирдавсиву Сино... дигар китоб намехонанд. Аммо ҳеҷ кас пешниҳоди дурусте надошт, ки бо кадом роҳ оммаи васеи ҷомеа, хусусан наврасону ҷавононро китобхон кунем. Ҳамагон шоҳидем, ки як ташаббуси раҳкушоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст!”, инчунин дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чи қадар ба рушди маънавиёт ва фарҳанги ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид. Миллионҳо сокини кишвар рӯ ба китоб оварданд, ҳазорон истеъдодҳо рӯнамоӣ гардиданд ва сатҳи саводнокии ҷомеа ба маротиб баланд гардид. Мо садҳо зарфиятҳои дигаре дорем, ки бо истифода аз онҳо ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мусоидат мекунем. Мо набояд аз чанд хоину хоинзодае, ки дар хориҷи кишвар истода фитнаангезӣ мекунанд, ҳарос дошта бошем. Аз хоинони беруна дар симои ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳҳои атрофи онҳо дида хоинтару хатарноктар онҳое ҳастанд, ки аз дохил ба хоинони миллат ҳамкорӣ мекунанд ва ба онҳо дар ҳар шакли мумкин маълумот пешниҳод менамоянд. Чунин нафарон як гурӯҳ дурӯяҳои фурсатталаб ҳастанд, ки кӯшиш мекунанд дар дохил норозигии мардумро ба вуҷуд оварда, дар берун тавассути хоҷагони хориҷиашон ба шаъну эътибори кишварамон иснод оранд. Ба ин хотир, кифоя аст, ки дар айни замон фақат 10%-и потенсиали маънавии худро барои дар ҳошия нигоҳ доштани гурӯҳҳои иртиҷоии беруна сафарбар кунем. Боқимонда қудрати идеологиро барои мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар аз роҳи баланд бардоштани рӯҳияи созандагӣ ва худшиносии мардум сарф намоем. Натиҷаи тадбирҳои мазкур ба он оварда мерасонад, ки дар вуҷуди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон як масъунияти миллӣ ба пуррагӣ ташаккул ёфта, таъсири омилҳои беруна ба мағзи сокинон ба сифр баробар мегардад. Дар хотир дошта бошем, ки соли 2024 соли маъракаҳои пешазинтихоботист ва дар кишвар нимаи аввали соли 2025 баргузории интихоботи парлумонӣ интизор меравад. Дар моварои якуним соле, ки фурсати чандон зиёде нест, бадхоҳони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дохилу хориҷ эҳтимолан нақшаҳои сиёҳи худро кашида истодаанд, ки бояд эҳтиёткор буд. Зеро фурсатталабони дохилӣ ва хоинони хориҷӣ маҳз дар чунин марҳилаҳои ҳассос ба торҳои андешаҳои ҷомеа нохун мезананд. Ба ҳар гуна фитнаву дасиса ва иғво фирефта нашавем ва манфиатҳои давлатро аз ҳама гуна манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорем. Ин ва дигар паҳлуҳои масъала батакрор моро водор месозанд, ки дар атрофи сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии шоистаи ҳамватанонамонро аз ҳадафҳои аввалиндараҷа дар кору фаъолияти худ қарор диҳем. Ҳамидиён Орзу – муовини раиси шаҳри Кӯлоб.