«Масъалаҳои мубрами таҳсилот ва тибби муосир»,
бахшида ба солҳои 2020-2040 - «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»
ва 70 солагии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кўлоб
ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» баргузор гардид
Дар асоси фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06 соли 2023, №358 ва нақшаи кории МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” барои соли таҳсили 2022-2023, бахшида ба солҳои 2020-2040 - «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 70 солагии МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” санаи 10 июни соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ доир ба мавзўи “Масъалаҳои мубрами таҳсилот ва тибби муосир”, баргузор гардид.
Дар ҳамин рӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо, бахшида ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони ду толори лексионӣ барои 220 нафар ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд.
Дар ҳамин рӯз мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд (мардона) байни муассисаҳои тандурустии шаҳру минтақаи Кӯлоб, бахшида ба 26 солагии Ваҳдати миллӣ оғоз гардид.
Бахшида ба 70 солагии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” парда аз болои муҷассамаи ҳамшираи тиббӣ бардошта шуд.
Маводи конфронс бо теъдоди 150 адад аз чоп бароварда шуда, ба муаллифони мақолаҳо ва китобхонаҳо дастрас карда шуданд. Шумораи умумии мақолаҳои илмӣ 129 ададро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2021 – 65 адад зиёд мебошанд ва ба масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ, илмҳои дақиқ ва гуманитраӣ бахшида шудаанд. Мавзӯи мақолаҳо масъалаҳои мубрами омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, сифати таҳсилот, масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва роҳҳои беҳтар намудани ташхису табобати бемориҳои гуногунро дар бар мегиранд.
Конференсия дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои тиббӣ, илмҳои дақиқ ва фанҳои гуманитарӣ идома ёфта, ба рўзномаи бахшҳои конференсия маърўзаҳои илмие ворид карда шуданд, ки имрўзҳо аҳамияти калони илмӣ ва таҷрибавӣ доранд. Ҳамчунин дар доираи конференсия мизи мудаввар, бахшида ба ёдбуд ва 60 солагии профессор Раҳмонзода Р.А. бахшида шуда буд.
Масъалаҳои гузошташуда дар бахшҳои конференсия баррасӣ ва муҳокима гардида, бо назардошти пешниҳодҳо конференсия
чунин қарор қабул намуд:
1. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар кафедраҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, боз ҳам ҷоннок карда шаванд. Дар ин самт ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар ҷоннок карда шаванд.
2. Корҳо оид ба баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ, тавассути мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳ, такмили ихтисоси омўзгорон, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокӣ ва дараҷанокии илмии омӯзгорон, табибон, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, таълими амалӣ ва таҷрибаомўзӣ дар муассисаҳои тандурустии кишвар, баланд бардоштани сифати таълим, истифодабарии услубҳо ва технологияи муосири таълим, ташкил ва истифодабарии васеи марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва таълимӣ-табобатӣ, таҳия ва нашри адабиётҳои муосири таълимӣ пурзур карда шаванд;
3. Бо мақсади беҳтар намудани нишондодҳои натиҷаҳои ташхису табобати бемориҳои гуногун натиҷаҳои корҳои илмӣ, услубҳо ва технологияи муосир васеъ истифода бурда шаванд;
4. Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим ва натиҷаи табобати бемориҳо ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ ва илмии ҳайати кормандон, кормандони соҳаи тандурустӣ, мустаҳкамсозии пояи моддӣ-техникии таълимгоҳҳои миёнаи тиббӣ, муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва фарматсевтӣ бештар ба роҳ монда шавад;
5. Аз тарафи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ корҳои маърифатию фаҳмонидадиҳӣ бо истифодаи васеъи васоити ахбори омма оиди баланд бардоштани дониши тиббии аҳолӣ, пешгирӣ намудани бемориҳо, ташхиси саривақтии бемориҳо бештару хубтар ба роҳ монда шавад.
6. Бо мақсади беҳтар намудани нишондодҳои сифати таҳсилот аз фанҳои дақиқ дар кафедраҳои фанҳои дақиқ сифати машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ хубтар ва бо истифодаи васеъи технологияи муосир ба роҳ монда шаванд. Кори маҳфилҳои фаннӣ дар кафедраҳои номбурда ҷоннок карда шуда, донишҷӯён бештар ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ҷалб карда шаванд.
7. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, забондонӣ ва зиракии сиёсии донишҷӯён аз тарафи кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо омӯзиши фанҳои гуманитарӣ аз қабили таърихи халқи тоҷик, диншиносӣ, забонҳои русию англисӣ, сиёсатшиносӣ ва ғ. хубтар ба роҳ монда шавад. Кори маҳфилҳои фаннӣ дар кафедраи номбурда ҷоннок карда шуда, донишҷӯён бештар ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷалб карда шаванд.
8. Бо мақсади иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва фанҳои гуманитарӣ дар кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ ва машғулиятҳои иловагӣ дар гурӯҳҳо ташкил карда шаванд.
Иштирокчиёни конфронс чунин мешуморанд, ки қарори мазкур ба беҳтару ҷоннок намудани раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, беҳтар гардидани натиҷаҳои хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, беҳтар гаштани сатҳи худшиносии миллӣ ва забондонии донишҷӯён мегардад.
Мирзоев Умар, донишҷӯёни курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини самбо, ки дар шаҳри Останаи Ҷумҳурии Қазоқистон (12-13.06.2023) баргузор гардид, сазовори ҷойҳои дуюм ва ҳамдастааш Қурбонов Абдулло насиби ҷойи сеюм гардида, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ шуданд.
Варзишгаронро имрӯз дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ноиби ректор оид ба тарбия Сафарзода Мунир, декани факултети мазкур Зулфиев Гадомад, масъулини шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва хешу наздикон пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 32 кишвар ширкат варзида, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Раёсати Донишгоҳ Мирзоев Умар ва ҳамдастааш Қурбонов Абдуллоро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааашон барор мехоҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шумо фарзандони бонангу номуси диёрро, ки дар сохторҳои гуногуни мақомоти Прокуратура кору фаъолият доред, ҳамзамон собиқадорони соҳаро ба Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура табрику муборакбод мегӯяд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи Шумо дар кору зиндагиатон сарфарозию хушбахтӣ, иқболи баланд ва саодати рӯзгорро таманно менамоем.
Санаи 14 март, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура ботантана ҷашн гирифта мешавад, нишонаи таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими волоияти қонун дар кишвар ва рушди соҳаи Прокуратура мебошад. Тавре дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти Прокуратура иброз дошта буданд: «Мақомоти Прокуратура яке аз сохторҳои муҳимми низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст».
Дар воқеъ кормандони ин ниҳод ҷиҳати таҳкими волоияти қонун, назорати ҳамешагии қонунҳо, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ баҳри рушду нумӯи ҷомеа ҳамеша саҳмгузорӣ менамоянд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, мақомоти Прокуратура чун дигар сохторҳои давлатӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронида, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд.
Саҳифаҳои таърих бозгӯи он ҳастанд, ки роҳи тайкардаи мақомоти Прокуратура дар даврони Истиқлолият роҳи пурифтихор ва бошарафона аст.
Боварии комил дорам, ки кормандони Прокуратура дар мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб истодагарӣ карда, вазифаҳои пурмасъулияти хешро вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо дили соф иҷро намуда, минбаъд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми арзанда мегузоранд.
Бо ин ниятҳои нек ҳамаи кормандони Прокуратураро ба муносибати фарорасии иди касбӣ табрик намуда, ба ҳар кадом тансиҳативу хушбахтӣ, саломативу хонаободӣ ва ба Тоҷикистони азизамон суботу оромӣ ва рушду ободии бардавомро таманно менамоем.
Рӯзи кормандони мақомоти Прокуратура муборак бошад!
"Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад, ки воситаҳои ахбори омма, ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмиллии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат менамоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат мекунад ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд".
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 11 марти соли равон дар шаҳри Кӯлоб Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО таҷлил карда шуд.
Нахуст, Назарзода Бахтиёр Худоёр раиси шаҳри Кӯлоб бо ҷамъи васеъ журналистон бо нишони эҳтиром ба Зан-Модар дар назди
Муҷассамаи “Дуои Модар” гулгузорӣ намуданд.
Дар ин рӯз журналистон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти шаҳр, ба аёдати хонадони рӯзноманигори шинохтаи тоҷик шодравон Аслиддин Достиев рафта аз у хотироти нек карданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҷлили рӯзи матбуот оғоз гардид.
Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику шодбош гуфта, изҳор дошт, ки матбуоти даврӣ дар рушди ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои пешгирифта нақши меҳварӣ мебозад.
Тавре огаҳӣ дорем, 11 март ҳамчун Рӯзи таъсисёбии нахустин рӯзномаи тоҷикии "Бухорои Шариф" дар кишварамон таҷлил мегардад.
Зимни суханронӣ Назарзода Бахтиёр зикр доштанд, ки рӯзномаи «Бухорои Шариф», ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ манфиатҳои миллати тоҷикро ҳимоя мекард, баъд аз нашри 153 шумора аз ҷониби бадхоҳони миллат баста шуд. Аммо он ҳамчун марҳилаи пайдоиши нашрияи миллӣ ба идома ва рушди соҳаи матбуот заминаи боэътимод гузошт. Минбаъд, дар оғози бунёди матбуоти миллӣ шахсиятҳои ватандӯсти миллат чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода хизматҳои шоён кардаанд.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ Сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода,
Сардабири ҳафтаномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳим, Сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова,
Ҳақназар Ғоиб -рӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён ва ҳамчунин Сайёфи Мизроб
сардабири ҳафтаномаи «СССР" дар назди ҳозирин аз ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти кори журналистон, инчунин роҳҳои таъкардаи нахустин рӯзномаи тоҷикии "Бухорои Шариф" ибрози андешаронӣ карданд.
Дар интиҳои ҳамоиш маросими тақдими Ҷоизаҳои раиси шаҳри Кӯлоб, ба ғолибони озмуни шаҳрии “ Беҳтарин муаррифгари дастовардҳои шаҳри Кӯлоб” аз рӯйи чаҳор номинатсия бо Диплом ва мукофотҳои пуллӣ, сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин бахшида ба 111- солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба як қатор намояндагони ВАО, собиқадорони соҳаи матбуот ва фаъолон дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.