Имрӯз ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Ба ин муносибат ҳамагонро табрику муборакбод гуфта, саломатӣ, саодати рӯзгор, сулҳу суботи абадӣ ва дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту ободии минбаъдаи Тоҷикистони азиз комёбиву муваффақиятҳои беназир орзумандам.
Чуноне, ки маълум аст, «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад». Дар ҳақиқат тафсири дуруст аст.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз рукнҳои асосии ҳар як давлати мустақилу озод Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон, ба ҳайси Сардори давлат дар қатори аввалин санадҳо, санаи 18 декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расонид. Он замон ҳарчанд кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буду дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар хисороти хеле ҳам зиёд ворид ва барои таъсиси ниҳодҳои қудратӣ ягон заминаи моддӣ – техникӣ вуҷуд надошт, Ҳукумати кишвар сарфи назар аз ҳама мушкилот, аз сифр ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуд. Зеро ҳамчунон, ки Пешвои муаззами миллат мефармоянд «Ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Чунин артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб мешавад».
Ҳамин тариқ, санаи 23 феврали соли 1993 дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид ва он рӯз санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Инак 30 сол аст, ки ин ниҳоди пурқудрат ҳимояи марзу бум, таъмини якпорчагии меҳан, сулҳу субот, таҳкими қонуниятро ба души худ гирифта , ин вазифаҳои муқаддасро бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст.
Мебояд тазаккур дод, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аввали таъсисёбӣ ба мустаҳкам намудани баззаи моддӣ-техникӣ, таҳкими инфрасохтори ҷузъу томҳои ҳарбӣ, таъмини қисмҳои ҳарбӣ бо кадрҳои болаёқат ва дигар эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ аҳамияти аввалиндараҷа медоданд. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила бо марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт. Айни замон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикитон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандуст яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Ҳайтаи шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар зарфи 30 сол борҳо собит намудаанд, ки таъминкунандаи амният, сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишваранд. Сардори давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба хизматҳо ва садоқати ин нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди давлат баҳо дода, таъкид намудаанд, ки «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст».
Аз ин хотир ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир бояд дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Азбаски Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, хизмат дар сафи онҳо низ бояд мояи ифтихори ҳар як фарди ин сарзамини биҳиштосо бошад. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиави он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Дар иртибот ба ин муқаррарот Пешвои муаззами миллат ҳам ишора кардаанд, ки «Адои хизмат дар сафи артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси худро фаромӯш кунад».
Бо назардошти гуфтаҳои боло ва истифода аз фурсати муносиб ба ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб муроҷиат карда, даъват ба амал меорам, ки дар сафи пеши посбонони Ватан бошанд. Бо хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ собит созанд, ки давомдиҳандагони кору пайкор ва корнамоиҳои бемислу монанди аждодони қаҳрамони худ ҳастанд.
Дар охир, бори дигар ҳамаи Шумо мардуми шаҳру деҳоти Кӯлоби бостониро ба муносибати 30-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба Шумо рӯзгори хуш, осмони соф, саодати оилавӣ ва дар ҳифзи Ватани аждодӣ комёбиҳои бузург таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
22.02.2023с ш. Кӯлоб
Дар доираи 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани собиқадорони меҳнат, намояндаи Ҳукумати мамлакат, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр як қатор аз оилаҳои собиқадор дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро аёдат намуданд.
Зимни аёдат намояндаи Ҳукумати мамлакат, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Азим Иброҳим, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр собиқадоронро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта ба онҳо аз номи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаккҳои модию молиявӣ расониданд.
Ин иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукумат, боиси хушҳоливу рӯҳбаландии собиқадорон гардида онҳо миннатдории самимӣ ва дасти дуои худро барои ҳукмфармо будани сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти давлату Ҳукумат махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Фарзанди ман ҳоло дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар адои хизмат намуда истодааст ва аз ин ман мефахрам. Хизматаш хуб буда, аз ҳолу аҳволаш пайваста мо хабардор мешавем. Ман соли 2022 фарзандамро барои хизмати ватан гусел кардам. Ҳар як ҷавон бояд хизмати ватанро ба ҷо орад.
Ватан барои ҳар яки мо муқаддасбуда, барои ҳифзи марзу буми он мо вазифадор ҳастем. Ба қадри амният ва сулҳу суботе, ки дорем, бояд расид.
Пас, хизмат ба ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрҳандии ҳар як шахс мебошад. Аз ин хотир, маҳз ҷавонони далеру ҷасури бонангу номуси тоҷик бояд сарбаландона баҳри ҳифзи ватан Модари худ камари ҳиммат баста, қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан адо намоянд.
Мо, волидайн ҳам бо як боварӣ фарзандонамонро ба сафи Қувваҳои Мусалаҳ гусел мекунем. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит барои афсарону аскарони ҳарбимон мунтазам беҳтар шуда истодааст ва боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ва осмони мусафои кишварамон ҷавонмардон барои хизмат омода мебошад.
Бояд қайд кард, ки сол то сол ҷавонони мо барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва расидан ба армонҳои миллӣ зиёд шуда истодааст ва имрӯз теъдоди наваскароне, ки бо хоҳиши худашон ба сафи мактаби мардонагӣ сафарбар мегарданд, хеле зиёданд. Имрӯз ҷавонони мо дарк кардаанд, ки ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста аст.
Имрӯз медонам, ки шароитҳо хуб ҳастанд, нағз ҳастанд ва ба фарзанди худам боварӣ дошрам. Ман фикр мекунам, ки на танҳо фарзанди ман, балки фарзандони зиёди миллати тоҷик ҳисси баланди масъулият мекунанд, ки ҳифзи ватан ин қарзи ҷавонмардист, ҳимояи марзу бум мояи ифтихору шараф аст. Ман ҳамчун Зан-Модар барои ин рисолати мардонагии худро иҷро кардан ба ҳамаи онҳо ҳушёрию зиракии сиёсӣ, матонату мардонагӣ ва пеш аз ҳама саломатӣ таманно дорам.
Ҷавонони мо дар шароити бениҳоят хуб зиндагӣ мекунанд, тарбия меёбанд. Ман ба фарзандам насиҳат кардам, ки новобаста аз душвориҳо, новобаста аз камбудиҳо ту бояд хизмат кунӣ, дар ягон ҷо заҳмату машақатҳои кашидаи худро нагӯӣ, ин айб аст.
Ман миннатдории худро ба ҳамаи он ҷавонмардоне, ки ватани моро ҳифз мекунанд, хоби осудаи моро таъмин мекунанд, аз самими қалб, аз номи тамоми занону модарон баён мекунам.
Аз ҳамаи падару модарони азиз хоҳиш мекунам, ки имрӯз вақти он расидааст, ки барои барои зиндагии арзандаю шоиста мо бояд ватани худро ҳифз намоем.
Шукронаи ин ватани тинҷу амон мекунем ва ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки барои ҳифзи он коре карда бошем. Ман доимо фарзандонамро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият мекунам ва ин боис мегардад, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
Хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ ҳаст ва бояд фарзандони мо аз ин мактаб гузаранд. Дар замони мо ҷавоне, ки хизмат намекард, ӯро ҳеҷ духтаре ба шавҳарӣ қабул намекард, яъне духтарон ба чунин ҷавононе, ки барои хонадоршавӣ ба назди онҳо меомаданд, мегуфтанд: “Ту чи хел мардбачаӣ, ки хизмат накардаӣ!” Ин ба ҷавонон таъсир мекард ва ҳама дар якҷоягӣ ба хизмати Ватан мерафтанд.
Шаҳло САДРИДДИНОВА, сокини шаҳри Кӯлоб
Рӯзномаи "Хатлон"
20 феврали соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзил, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, роҳбарияти шаҳр ҷаласаро оғоз намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд.
Сипас, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Фирӯз Шарипов оид ба қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб барои таъин гардидан ба вазифаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи иқтисодиёт, Асозода Манучеҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Кӯлоб Қурбонзода Наргис, мудири шуъбаи маорифи мақаомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон, сардори раёсати омор Зарина Хушвахтова, сардори раёсати агении суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Рухшона Шомадзодаро ба ҳозирин шинос намуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар бораи вазъи сиёсӣ-иҷтимоии сайёра, ҷумҳурӣ ва шаҳри Кӯлоб баромад карда, қайд намуд, ки вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки ҳушёр бошем ва зиракиву сиёсиро аз даст надиҳем. Мардуми тоҷик дар гузаштаи начандон дур, солҳои 90-ум ҳодисаҳои хеле ҳам фоҷеаборро аз сар гузаронид. Аз сабаби он ки баъзе гуруҳҳои сиёҳкор ва манфиатҷую мансабпараст бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ ба сари мардум ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бор карданд, беш 150 ҳазор сокинони кишвар қурбон шуданд. Мо ки чунин сабақи талхи таърихиро аз сар гузаронидаем, дигар ҳаргиз набояд бо чунин хатогӣ роҳ диҳем.
Зимни баромад роҳбарияти шаҳр аз тамоми сокинон даъват ба амал овард, ки шукри давлату кишвар, сулҳу субот ва роҳбари раъиятпарвару хирадмандро карда, зидди экстремистону террористон ва онҳое, ки бадхоҳи миллату ин давлатанд, муборизаи беамон барем.
Дар идома сардабири ҳафтавори “Пайк” Аҳмад Иброҳим баромад намуда, ба раиси шаҳри Кӯлоб ҷоизаи ҳафтаномаро таҳти унвони “Қавииродатарин раиси сол”ба раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр супорид.
Баъдан, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, оид ба супоришҳои протоколии дар маҷлиси қаблӣ додашуда ба роҳбарияти шаҳр ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар идомаи ҷаласаи мазкур вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №18 Маҳмудзода Қумриниссо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №41 ва №50-ро натиҷагирӣ намуда, дар назди иштирокчиёни ҷаласа ҳисоботи муфассал пешноҳод гардонид.
Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва пардохт намудани бақияпулиҳои он аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бо оби полезӣ таъмин намудани аҳолӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, ба қайд гирифтани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар нозироти андоз, иҷро намудани нақшаи даъвати ҳарбӣ, ва дигар масъалаҳо маврдиди муҳокимаронӣ ва баррасӣ қарор дода шуда, дар ин замина ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххс доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб