Баргузории вохӯрии мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Кӯлоб Ҳайдарова Назирамоҳ, мудири бахши бойгонӣ-матбуотӣ Нусратова Шаҳноза, муовини сардори МД назорати сектори хусусӣ Сабурова Хосиятмоҳ бо сокинони маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб бо усули “Хона ба Хона”
Вохӯрии мудири бахши дин, танзим ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Салимов Саймуҳаммад ва дигар масъулин бо донишҷуёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз бо усули "Факулта ба факулта”
Вохӯрии муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ва дигар шахсони масъул бо омӯзгорону хонандагони МТМУ 45-и шаҳри Кӯлоб бо усули “Мактаб ба мактаб”
Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Фаррух, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ва дигар меҳмонон аз гӯшаву канори кишвар иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинии фарҳангӣ нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҳунариву меҳнатии ҷамоатҳои деҳот, идораву ташкилот, донишгоҳҳо ва муассисаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба дастандаркорон баҳои баланд доданд.
Сипас, тантанаҳои ҷашни Наврўз дар майдони Амфитеатри боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳр идома ёфт. Маросими расмӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо сухани ифтитоҳии Назарзода Бахтиёр Худоёр раиси шаҳри Кӯлоб оғоз гардид.
Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбари мустақими тамаддуни ориёӣ мебошем, аз қадим то ба имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодию нишот иборат буда, дар тули ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст”.
Дар идомаи чорабинӣ муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода Фаррух, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, мо ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерин, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.
Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Дар идома ҷолибтарин барномаи фарҳангӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳри Кӯлоб ва фарҳангиёни кишвар пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳунармандони Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб, Театри вилоятии мазҳака-мусиқии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Шуҳрат Сайнаков, Лоиқ Холов, Бунафша Муқимова, Фирдавс Ҳошимов, Носир Сафаров табъи ҳозиринро шод намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб