Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб асфалтпӯш намудани роҳҳои мошингарди деҳот бомаром идома дорад.
Имрӯз, бо иштироки васеи сокинони деҳаи Хоҷаисҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб 1200 метр роҳи дохили деҳа асфалтпӯш карда шуд.
Сокинони шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб ҳама ташаббусу иқдомоти роҳбарияти олии мамлакатро дастгирӣ намуда, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат пайваста саъйю талош менамоянд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид. Шаҳрвандон вобаста ба таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ ва мусоидат ҷиҳати таъмири он, таъмин шудан бо барқ ва оби полезӣ, ҳалли баҳси оилавӣ, ворид намудан ба руйхати гирандагоникумаки унвони иҷтимоӣ, расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.
Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, прокрори калони раёсати қонунгузории соҳаи андоз ва дастгирии рушди соҳибкории Прократураи генералӣ Абдуллоев Баҳриддин, намояндагони Кумитаи андоз, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрӣ бо соҳибкорону сармоягузорон доир гардид.
Мақсади асосии вохӯрии мазкурро расонидани нуқтаҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷишҳои субъектҳои хоҷагидор” дар бар мегирифт.
Дар идома баромадкунандагон мақсади асосии эълон гардидани мараторийро то 1-уми январи соли 2027 ба соҳибкорон шарҳ дода вобаста ба ин ба соҳибкорон тавсияҳои судманд доданд. Дар охир соҳибкорон ба мутахасисони соҳаҳои зикргардида суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбаш гирифтанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар шаҳри Кӯлоб бо баргузории як маҳфили бошукӯҳ ва фарҳангӣ аз устод Ашур Сафар яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик - Шоири халқии Тоҷикистон, ёдоварӣ карда шуд. Ин ҳамоиш бо ширкати васеи аҳли адаб, муҳаққиқон, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва дӯстдорони каломи бадеъ баргузор гардид. Ҳамоиш бо гулгузорӣ дар назди нимпайкараи адиб-Ашӯр Сафар, оғоз ёфта, сипас иштирокчиён ба Китобхона-осорхонаи устод ташриф оварда, бо зиндагӣ ва мероси адабии ӯ шинос шуданд. Дар идомаи ҳамоиш, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 мизбони суханрониҳо ва барномаҳои адабии ҳамоиш гардид.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, шоир Файзи Ашӯр ва дигар аҳли илму адаб дар суханрониҳои худ ҷойгоҳи баланди устод Ашӯр Сафарро дар ташаккули адабиёти тоҷик таъкид намуда, аз нақши таъсиргузори ӯ дар тарбияи насли ҷавону ҷомеаи кишвар ва таҳкими арзишҳои фарҳангии миллӣ ёдовар шуданд.
Устод Ашӯр Сафар 1 майи соли 1928 дар деҳаи Работингаки ноҳияи Маскав (ҳозира Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) таваллуд шудааст. Пас аз хатми таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб, беш аз ним аср дар саҳнаи омӯзиш ва адабиёт фаъолият намудааст. Аз ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта ба майдони шеър қадам гузошта, бо садоқат ба забони модарӣ ва эҳсоси баланди иҷтимоӣ осори арзишманд эҷод намудааст.
Маҷмӯаҳои "Ибтидои роҳ", "Фарзанди аср", "Самари умр", "Базми садоқат", "Гули Маҳтоб", "Достони нотамом" “Девон (мунтахаби ашъор)” ва даҳҳо дигар шоҳиди ҷаҳони андеша ва нигоҳи амиқи ӯ ба зиндагӣ мебошанд. Устод ҳамчунин бо шеърҳои ҳаҷвӣ ва осори тарҷумакардаи муаллифони хориҷӣ низ дар дили хонандагони тоҷик ҷо гирифтааст. Осори ӯ ба забонҳои зиёде тарҷума шудааст ва маҳбубияти ӯ на танҳо дар миёни калонсолон, балки миёни кӯдакону наврасон низ маҳфуз мондааст.
Дар зимни баргузорӣ қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори устод Ашӯр Сафар аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ёдоварӣ аз хушгӯиҳо (ҳазлҳо)-и адиб дар рафти ҳамоиш, фазои фарҳангии ҷашнро ҷолиб ва дилнишин сохт, ки муҳтавои шеъри ӯро бо эҳсосоти хос ва эҳтиром ба маънавияти адабӣ ба шунавандагон тақдим намуд.
dv id="«r1cl»" ">"