Ҳифзи табиат ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф қарзи шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад. Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҳадафи тоза нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули ҳаёти солим, инчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ ва қабули меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ, субҳи имрӯз бо иштироки васеъи кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар рафти шанбегӣ аз ҷониби кормандон гирду атрофи бинои муассисаҳои шаҳр ва роҳраву гулгаштҳо аз алафҳои бегона пок, бехи дарахтон, ниҳолу гулбуттаҳо аз баргҳои хазон ва партовҳо тоза карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамеша барои қабули сайёҳони дохиливу хориҷии кишвар омода аст.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Саҳмгузорӣ дар ободониву созандагӣ, тозагию покизагии маҳал ва истиқболи сазовор аз 35-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тадбирҳоест ки пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид мегарданд.
Баргузории чунин иқдому ташаббусҳо гувоҳӣ аз дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҷамъию иттиҳодии сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб мебошад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб асфалтпӯш намудани роҳҳои мошингарди деҳот бомаром идома дорад.
Имрӯз, бо иштироки васеи сокинони деҳаи Хоҷаисҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб 1200 метр роҳи дохили деҳа асфалтпӯш карда шуд.
Сокинони шарафманди шаҳри бостонии Кӯлоб ҳама ташаббусу иқдомоти роҳбарияти олии мамлакатро дастгирӣ намуда, дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат пайваста саъйю талош менамоянд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид. Шаҳрвандон вобаста ба таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ ва мусоидат ҷиҳати таъмири он, таъмин шудан бо барқ ва оби полезӣ, ҳалли баҳси оилавӣ, ворид намудан ба руйхати гирандагоникумаки унвони иҷтимоӣ, расонидани кумакҳои моддиву молиявӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.
Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дар дигар рӯзҳои ҳафта аз ҷониби муовинони раиси шаҳр қабули муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои мухталиф баргузор мегардад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб