Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шахр оид ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқуллода дар мавзӯи заминҷунбӣ, омадани сел, пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Точикистон дар минтақаи Кӯлоб ба шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб, сокинони ҷамоати деҳоти Кӯлоб, кормандони беморхонаи шаҳрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин рӯз баланд бардоштани сатҳи омодагии шаҳрвандон ва кормандони муассисаҳо дар ҳолатҳои фавқулода, омӯзонидани тартиби дурусти амал дар шароити офатҳои табиӣ, сӯхтор, заминларза ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ доир ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд. Инчунин, шаҳрвандон ва кормандони сохторҳои болозикр дар машқҳои омӯзишӣ иштирок намуда, малакаҳои амалиашонро такмил доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар доираи сиёсати ғамхорона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар арафаи Иди Саиди Қурбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон кӯмаки ғизоӣ расонида шуд. Ниёзмандону эҳтиёҷмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар интиҳо шаҳрвандон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори сипос намуда ба Тоҷикистони азизамон сулҳи абадиро орзу карданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Мо бояд дар дунё чунон зиндагӣ кунем, ки номи неку амали хайри мову шумо дар саҳифаҳои таърих барои наслҳои оянда боқӣ монад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷавҳари асосии иди Қурбон ин қаробат ҷустан ба Худои таъоло мебошад. Дар тӯли асрҳо талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирии ятимону маъюбон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба аъзодорон ва хайру эҳсон намудан ба ниёзмандон аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои Иди Саид ҳаст.
Иди Қурбон рӯзи имтиҳону озмоиш аст, ки инсон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Худои таъоло баён мекунад.
Хушбахтона имрӯзҳо зери сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ёрӣ расондан ба шахсони ниёзманд, аёдати собиқадорону барҷомондагон, кӯмак ба ятимону бепарасторон дар арафаи идҳои милливу давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар доираи ҳамин тадбирҳои амалӣ чун яке аз рукнҳои Иди Саиди Қурбон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб шахсони собиқадору барҷомонда аёдат карда шуданд.
Собиқадорон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки мо ҳамеша дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор ҳастем ва то рӯзе, ки ҷон дорем баҳри амали гардидани дастуру супоришҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон саҳми худро мегузорем ва дар таълиму тарбияи насли имруза ва онҳоро дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия менамоем.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳр, гулгашту майдонҳо дар ташкилоту муассиса ва маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин шанбегиҳои дастаҷамъона тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳудуди шаҳр ба ҳисоб меравад.
Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб пайваста кӯшиш менамоянд, ки тамоми саъйю талоши худро баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намоянд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб