Ҳама шод аз онем, ки шукуҳу ҷойгоҳи шоистаи Наврӯз дар Ватани мо таҷдид мегардад ва натиҷаи талошҳои андешапарварони 50 соли охир ва низ кишвари озоду ягонаи тоҷиконро сарварӣ доштани тоҷики асил ва фарҳангпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шудааст, то ҷашни бузурги миллии мардумони эронинажод – Наврӯз барои ҳамфаҳмии халқҳо ва кишварҳо равона гардад.
Наврӯз дар сайри чандҳазорсолаи худ аз миёни тирарӯзиҳо гузашта, то замони мо расидааст. Он ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон, ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд.
Дар бораи Наврӯз ва оинҳои он дар осори таърихию адабии донишмандону адибони асрҳои миёнаи форсӣ, аз ҷумла дар «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулҳайи Гардезӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Ҳаким Умари Хайём ва дигар осори таърихию адабӣ маълумот оварда шудааст.
Таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯзро ба давраҳои фароторихӣ, ба замони фармонравоии подшоҳи пешдодӣ – Ҷамшед мансуб медонанд. Аммо дар мавриди расму ойин ва ҷашнгирии Наврӯз дар замонҳои куҳани таърихи қавмҳои ориёӣ маълумотҳо хеле кам ва нокифоя ба назар мерасанд.
Наврӯз дар замони шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ ба ҳукми анъана даромада, ба ҷашни расмии қавмҳои ориёӣ, ки мо тоҷикон низ ба он шомил мебошем, табдил ёфт. Минбаъд ин ҷашни куҳан дар замони Ашкониён ва хусусан дар аҳди Сосониён бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешуд.
Доир ба чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз маълумотҳо мухталифанд. Тибқи маълумоти «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Зайн-ул-ахбор»-и Абулҳайи Гардезӣ шоҳаншоҳони Сосонӣ Наврӯзро 30 рӯз ва баъдтар 6 рӯз ҷашн мегирифтаанд. Рӯзи нахустини он Урмузд ном дошта, гузаштагони дури мо дар ин рӯз дасти ҳам гирифта, ба ҳамдигар шодбоши наврӯзӣ мегуфтаанд.
Подшоҳон рӯзи аввали Наврӯзро бо қабулу пазироии мардум мегузарониданд. Рӯзи дуюм мансабдорон ва давлатмандонро қабул намуда, суҳбат меоростанд. Рӯзи сеюм мубадон (рӯҳониёни аҳди зардуштия), рӯзи чаҳорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум хешовандонро пазироӣ мекарданд. Дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин шоҳ Наврӯзро ид мекард. Маҳз ҳамин рӯз рӯзи вижаи Соли нав буд, ки онро «Наврӯзи бузург» меномидаанд.
Абурайҳони Берунӣ дар асараш овардааст, ки гузаштагонамон Наврӯзро далели пайдоиш ва офариниши ҷаҳон донистаанд ва онро ба ҳикмати офариниши олам дар зарфи шаш рӯз пайвастаанд. Панҷ рӯзи аввал замин, осмон, обу хок ва ҷонварон офарида шудаанд. Худованд дар рӯзи шашум тоҷи офаридаҳои худ - инсонро меофарад. Дар ин бора дар «Бурҳони қотеъ» омадааст: «Одам алайҳиссаломро дар ин рӯз халқ кард, пас бинобар он ин рӯзро «Наврӯз» гӯянд».
Яке аз рӯзҳои вижаи наврӯзӣ, рӯзи 19-уми он мебошад, ки онро «рӯзи обҳои зинда» номида буданд. Дар деҳоти ҷануби Тоҷикистон онро «Ашагулон» ном мебаранд ва ин ойин то ҳол байни мардуми деҳнишин, ки аслан ба киштукор сарукор доранд, мавҷуд аст.
Бояд зикр намуд, ки гузаштагони мо аз замонҳои дури фароторихӣ ба обу рӯдхонаҳо пайвастагии ногусастание доштаанд. Шаҳру деҳоти аҳолинишин бештар дар канори рӯдхонаҳо ҷой мегирифт. Қавмҳои ориёӣ нисбат ба дигар қавму қабилаҳои ҳамсоя барвақт аз ҳолати ғорнишинию чодарнишинию ҷангалнишинӣ баромада, муқимӣ шуданд ва бештар ба корҳои заминдорию кишоварзӣ рӯй оварданд. Ҳамзамон ба бунёд кардани шаҳрҳои обод шуғл варзиданд. Сарукор гирифтан ба замину кишоварзӣ аз гузаштагони мо доштани донишҳои зиёдро дар бораи нерӯи табиат, ҳодисаҳои табиат тақозо мекард. Ҳамин аст, ки дину бовариҳои ниёконамон ба фаҳмишҳои астрономӣ пайвастагӣ доранд. Мо дар гузашта эзадбонуи обу ҳосилхезӣ бо исми Аноҳита Ардевисура доштем. Наврӯз низ ба замони бовариҳои дини меҳрпарастӣ (хуршедпарастӣ) ва Ҷамшед пайваста аст. Ҷамшед номи дигари Меҳр мебошад.
Тибқи ривоёт «Ҷамшед сайри олам мекард, чун ба Эрон расид, рӯзе ки офтоб ба авҷи Ҳамал омада буд, фармуда буд, ки тахти мурассаеро дар ҷои баланде гузоштанд ва тоҷи мурассае бар сар ниҳода бар он тахт нишаст. Чун офтоб тулӯъ кард, шуоъ ва партави офтоб бар он тоҷу тахт афтод. Шуое дар ғояти равшанӣ падид омадва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро шед мегӯянд, ин лафзро бар Ҷам афзуданд ва Ҷамшед гуфтанд, яъне «подшоҳи равшан». Ва дар он рӯз ҷашне азим кардан два он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд».
Ин маъниро Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст:
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Шоистаи гуфтан аст, ки дар Мовароуннаҳр, Эрон, Озарбойҷон Наврӯзро 13 рӯз ҷашн гирифта ва рӯзи 13-ум аз манзили худ ба сайри беруни шаҳр мебаромаданд. Ин ойини зебои наврӯзӣ то имрӯз байни мардуми Эрон мавҷуд аст ва онро маросими «сенздаҳбадар» меноманд.
Дар замони истилои араб хавфи аз байн рафтани ҷашнҳои қадимаи анъанавии халқҳои эронинажод – Наврӯз, Меҳргон, Сада ба миён омад, вале мардум ба рағми аҷнабиён Наврӯзро ҷашн мегирифт. Арабҳо ноилоҷ ба ҷашн гирифтани он рухсат доданд. Ба ивази ҳафт «шин» (ҳафт неъмате, ки бо ҳарфи «шин» оғоз меёфт – шакар, шамъ, шарбат, шароб, ширинӣ, шир ва шона) ҳафт «син» ҷорӣ шуд. Хони наврӯзиро бо ҳафт неъмат, ки бо ҳарфи «син» шурӯъ мешуд (сирко, сабза, сумок, санҷит, сир, себ ва сипанд) оро медоданд.Дар мавриди ҳафтсину ҳафтмим ин нуктаро бояд шарҳ дод, ки «ҳафтсин» аслан ба хӯрданиҳо пайвастагии кам дошта, бештар ба рамзҳо ишора дорад:
1.Сир – нақши муҳофиз;
2. Себ – Намод (символи) саломатӣ ва ишқи сокинони хона ба якдигар;
3. Суманак – намод (символи) баракат;
4. Сикка (танга, пул) - Намоди сарват;
5. Испанд – ро ҳамеша дуд мекунанд, то аз чашми бад дур бошанд;
6. Сабза – намоди рӯйиши дубора ва оғози дубора;
7. Санҷид – намоди равобити кориву хонаводагӣ.
Наврӯз дар замони Сомониён дубора эҳё гардид. Амирони сомонӣ расму оинҳои қадимаи аҷдодони худро зинда карданд. Дар замони салтанати шоҳони ғазнавӣ низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. Шоирони дарбори шоҳи ғазнавӣ Султон Маҳмуд Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ба мисли шоирони замони сомонӣ дар бораи ҷашни Наврӯз ва фасли зебои баҳор шеърҳои зиёд эҷод кардаанд. Ба мавзуъҳои ҷашнҳои миллӣ ва тасвири табиат дар фаслҳои гуногуни сол беш аз ҳама Манучеҳрии Домғонӣ таваҷҷуҳ кардааст. Ин шоири табиатгаро дӯстдори ҷашнҳои қадима будааст ва ба онҳо самимияти тамом доштааст. Вай ин идҳоро бо ҷон баробар дидааст ва аз онҳо ба ваҷд омада, хеле шоду мамнун шудааст. Рақсу шӯхӣ, маю мутриб ва мачлисҳои базми дилнишин дар ин вақтҳо шавқи ӯро дуболо сохтаанд ва ӯ ҳамон ба назди бостон, ба назди бунёдкунандагони чунин таомулҳои рӯҳбахш cap хам кардааст. Шоир дар бораи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва расму одатҳои дигари мардуми ориёитабор зиёд сухан гуфтааст. Аз ҳама беш дар бораи ҷашни Наврӯз шеър гуфтааст:
Наврӯзи бузургам бизан, эй мутриб имрӯз,
Зеро ки бувад навбати наврӯз ба наврӯз,
Барзан ғазале нағзу дилангезу дилафрӯз,
В-ар нест туро, бишнаву аз мурғ биёмӯз,
К-ин фохта з-он гавзу дигар фохта з-он ҷӯз
Бар қофияи хуб ҳаме хонад ашъор.
Наврӯз ойину шоистагиҳои зиёд аз замони бостон дорад, аз ҷумла “чиллабурӣ”, ки бо оини “аловпарак”-и мардуми тоҷик иртибот дорад (барои нест кардани тилисмот чиллабурӣ карданро лозим медонистанд, ки он бо паридан аз болои оташ низ ҷорӣ мегашт), поку равшан кардани ҳама ҷо, зиёрат кардани гӯри ниёкон, афрӯхтани оташ дар баландиҳо, зудудани кудурат аз дилҳои ранҷида, бахшидани гуноҳи якдигар, субҳ ба аёдати меҳтарон барои пойбӯсӣ рафтани хурдсолон, барои арӯсии фарзандон хостгорӣ рафтани падару модарон, гуноҳи гунаҳкоронро бахшидани шоҳ, назр додан ба нодорону дарвешон, оростани хонаҳо ва сӯзондани уду анбар ва пошидани мушк дар онҳо, густурдани хони ҳафтсину ҳафтмими наврӯзӣ, табрик кардан ва туҳфа тақдим намудан ба ҳамдигар ва даҳҳо оинҳои неку расои дигар.
Ҳофизи балеғсухан дар як ғазали машҳури ба мавзуи Наврӯз бахшидаи худ аз як оини куҳани наврӯзӣ – интихоби “мири наврӯзӣ” ёд мекунад. Ғазал бо чунин байт оғоз мешавад:
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Дар ин ғазал шоир як силсила мафҳумҳои марбут ба Наврӯзро танзим дода, онҳоро бо руҳияи наврӯзӣ баромехта чандин маонии ҷолиби таваҷҷуҳро густариш медиҳад. Байтҳои дигари ғазали мазкур душворфаҳм нестанд, ба ҷуз ин байт:
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Ин ҷо ногузир саволе пайдо мешавад, ки чаро Ҳофиз сухан дар парда гуфтааст ва мири наврӯзӣ кисту аз чӣ ҳукмаш беш аз панҷ рӯз набудааст? Барои дарёфти маънӣ, чунонки гуфтем, заминаи воқеии пайдоиши он ва мазҳарии мушоҳидаи шоирро пайдо кардан зарур аст.
Муҳаммади Қазвинӣ дар тавзеҳоти худ ба девони Ҳофиз чунин менигорад: «Маънии ин таъбир иборат буда аз подшоҳ ё амире ё ҳокиме муваққатӣ, ки собиқ дар Эрон расм буда, дар айёми иди Наврӯз маҳзи тафреҳи умумӣ ва хандаву мазҳака ӯро бар тахт менишонидаанд ва пас аз инкизои айёми ҷашн салтанати ӯ низ ба поён мерасида».
Аз тавзеҳоти Давлатшоҳи Самарқандӣ ва Муҳаммади Қазвинӣ маълум мешавад, ки ғараз аз «мири наврӯзӣ» амири муваққатӣ будааст. Ва он амир барои тарабу хушии мардум аз Наврӯзи омма то Наврӯзи хосса, яъне дар бадали шаш рӯз «ҳукмронӣ» мекардааст. Таври дигар гӯем, «мири наврӯзӣ» амири сохта ё амирбозие беш набуда.
Ин ғазал дар ситоиши вазири Шоҳ Шуҷоъ – Хоҷа Тӯроншоҳ аст, чунонки Ҳофиз дар мақтаи ғазал меорад:
На Ҳофиз мекунад танҳо дуои Хоҷа Тӯроншоҳ,
Зи мадҳи осафӣ хоҳад идиву наврӯзӣ.
Дар ин маврид уқдаи маъниро донистани таърихи зиндагии Хоҷа Ҳофиз мекушояд. Шоир аз аҳли дарбори Шоҳ Шуҷоъ аз ҳама бештар бо вазири номбаршуда, яъне Хоҷа Тӯроншоҳ дӯстӣ доштааст, вале ин вазир бо туҳмати дасисагарон чанд муддат аз вазифа дур карда шуда буд. Шоир вазири бо роҳи дасиса ба ҷои Хоҷа Тӯроншоҳ омадаро «мири наврӯзӣ», яъне бо роҳи масхара чанд рӯзаке ба сари ҳокимият мавқеъ пайдо карда медонад. Вақеан ҳам дасисаангезии душманони Тӯроншоҳ ба зудӣ ошкор гардида, ӯ ба вазифаи дастурӣ барқарор мешавад.
Ҳамин тариқ, Ҳофиз аз як лавҳаи дилхушиҳои наврӯзӣ як маъние латиф ба риштаи назм кашида, тавассути он ба дилҳо умед мебахшад ва айни замон аз русуми деринаи мардуми аҷам хабар мерасонад.
Ба гуфтори худ дар бораи Наврӯз, таърихи пайдоиш, расму оин ва бозтоби он дар осори адабии намояндагони адабиёти ҷаҳоншумули форс-тоҷик ва ҳамчунин намояндагони адабиёти муосир метавон идома бахшид, вале фурсати маҳдуд тавони идома додани суханро надорад ва умед аст ба ин мавзуъ дар оянда рӯ хоҳем овард.
Дар охир аз забони шоири соҳибзавқу хушкаломи Хатлонзамин Саидҷон Ҳакимзода ин ҷашни аз аҷдодон ба мерос мондаро, ки на танҳо кишварро гулпӯш мекунад, балки ҳамаро ба худнигарии миллӣ водор месозад ва нерӯи баҳам омадани мардуми эронитаборро бедор мекунад, ба Ватан даъват намоям:
Наврӯз, биё, садқа шавам номи туро ман,
Пазмон шудаам суҳбати айёми туро ман,
То лаб бибарам бори дигар ҷоми туро ман,
Сад бӯса занам рӯи гуландоми туро ман,
Наврӯз, биё!
Наврӯз биё, дар қадамат сар бигузорам,
Дар пойи ту гулдӯзии модар бигузорам,
Аз дастаи гулҳо ба ту минбар бигузорам,
Май пеши ту дар лолаи аҳмар бигузорам,
Наврӯз, биё!
Наврӯз биё, соқии базми ту дигар шуд,
Ҷамшеди наве бо қадаҳи меҳр бадар шуд,
Шоми ҳама риндони ҷамоли ту саҳар шуд,
Соғаршиканӣ дар бағали кӯҳу камар шуд,
Наврӯз, биё!
Ҷашни Наврӯз муборак, ҳамватан!
Ашурова Нодира-доктори илмҳои филология, профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
dv id="«rc81»" " " ">"
«Отныне наша граница — не линия раздора, а мост дружбы», — заявил в четверг президент Кыргызской Республики Садыр Жапаров, принимая в Бишкеке президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона. Он добавил: «Наши народы связаны не только горами, но и общей историей. Теперь мы пишем её новую главу». Президент Таджикистана поддержал эту мысль, отметив: «Этот день войдёт в историю как триумф мудрости наших народов».
Развитие международных отношений в Центральной Азии
Современная система международных отношений находится в процессе трансформации. Наряду с традиционными механизмами взаимодействия появляются новые факторы и тенденции, влияющие на формирование мировой политики. Международные отношения остаются динамичной сферой, в которой изменяются не только правила взаимодействия, но и состав участников. В этих условиях особую значимость приобретает выстраивание стабильных двусторонних отношений, особенно в стратегически важных регионах, таких как Центральная Азия.
Становление Центральной Азии как геополитического региона происходило под влиянием взаимодействия оседлых земледельческих сообществ и кочевых народов. Несмотря на многочисленные конфликты, этот процесс способствовал формированию уникальной культурной среды, в которой различные этнические группы сохраняли свою самобытность, но при этом перенимали общие традиции и культурные элементы.
Таджикско-кыргызские отношения: путь к сотрудничеству
Дипломатические отношения между Таджикистаном и Кыргызстаном были установлены 14 января 1993 года подписанием соответствующего протокола. С тех пор двусторонние связи последовательно развивались в сферах политики, экономики, науки, культуры и безопасности. Официальные контакты глав государств укрепили взаимное доверие и способствовали координации позиций по ключевым международным и региональным вопросам.
Среди важных этапов развития таджикско-кыргызского сотрудничества можно выделить:
• Январь 1993 года — рабочий визит Эмомали Рахмона в Кыргызскую Республику.
• Июль 1996 года — официальный визит президента Кыргызстана Аскара Акаева в Таджикистан.
• Май 1998 года — официальный визит президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Кыргызскую Республику.
• Май 2004 года — официальный визит президента Кыргызстана Аскара Акаева в Таджикистан.
• Май 2008 года — рабочий визит президента Кыргызстана Курманбека Бакиева в Согдийскую область Таджикистана.
• Июль 2010 года — встреча Эмомали Рахмона с Розой Отунбаевой в рамках 27-го заседания Межгосударственного совета ЕврАзЭС в Астане.
• Май 2013 года — официальный визит Эмомали Рахмона в Кыргызскую Республику.
• Февраль 2018 года — официальный визит президента Кыргызстана Сооронбая Жээнбекова в Таджикистан.
• Июнь 2019 года — встреча Эмомали Рахмона и Сооронбая Жээнбекова на заседании Совета глав государств-членов ШОС в Бишкеке.
Государственный визит Эмомали Рахмона в Кыргызстан в 2025 году
12 марта 2025 года президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон прибыл в Бишкек с государственным визитом. Эта встреча имела стратегическое значение, поскольку была направлена на укрепление двусторонних отношений и урегулирование важных вопросов в политической, экономической и гуманитарной сферах.
На официальной церемонии в международном аэропорту Бишкека таджикского лидера встретил президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Почётный караул, исполнение национальных гимнов и элементы киргизской культурной традиции подчеркнули высокий уровень двусторонних отношений.
В рамках визита Эмомали Рахмон посетил историко-мемориальный комплекс «Ата-Бейит» и возложил венок в знак уважения к киргизской истории. Кроме того, символическая встреча с творческим наследием Чингиза Айтматова отразила общий культурный фундамент двух народов.
Основные переговоры проходили в закрытом и расширенном форматах. Ключевым итогом стало подписание исторического договора о государственной границе, который окончательно урегулировал территориальные споры между Таджикистаном и Кыргызстаном. Президенты подчеркнули, что этот документ превращает границу в зону стабильности, добрососедства и взаимовыгодного сотрудничества.
Дополнительно стороны подписали 16 двусторонних соглашений, касающихся:
• экономического партнёрства,
• развития межрегиональной торговли,
• привлечения инвестиций,
• реализации проекта CASA-1000,
• совместного управления водными ресурсами,
• восстановления авиасообщения Душанбе–Бишкек,
• открытия новых автобусных маршрутов,
• сотрудничества в образовании, науке, молодёжной политике и туризме.
Особое внимание было уделено вопросам безопасности. Главы государств договорились о совместных усилиях по борьбе с терроризмом, экстремизмом, киберпреступностью и незаконным оборотом наркотиков. Также были подтверждены инициативы по взаимодействию в рамках международных организаций: ООН, ШОС, ОДКБ и СНГ.
Государственный визит президента Таджикистана в Кыргызстан стал важной вехой в истории таджикско-кыргызских отношений. Заключённые соглашения формируют основу для долгосрочного стратегического партнёрства, направленного на укрепление экономических связей, модернизацию инфраструктуры и формирование устойчивой модели сотрудничества в Центральной Азии.
Подписание договора о границе устраняет один из наиболее острых факторов напряжённости и создаёт прочный правовой фундамент для предотвращения будущих конфликтов. Расширенное экономическое сотрудничество открывает новые перспективы для развития приграничных регионов.
Таким образом, этот визит не только укрепил двусторонние отношения между Таджикистаном и Кыргызстаном, но и может стать моделью для разрешения аналогичных территориальных споров в регионе и за его пределами.
Изатов Умеджон Хуршедович, старший преподаватель кафедры политологии, директор технологического парка Кулябского государственного университета имени Абуабдуллох Рудаки
Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мардумони ду кишвар Тоҷикистон ва Қирғизистон аст, ки муносибатҳои байни ду кишвар ба таври сулҳомез барқарор карда шуданд. Ба ин натиҷаи гуфтушунидҳои ду кишвар вобаста ба даъвои марзи давлатӣ ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон замина гузошт.
Дар натиҷаи сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон байни давлатҳо 16 санади навӣ ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Шартнома миёни давлатҳо дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад.
Зимни пешвозгирӣ ва қабули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон мушоҳида карда шуд, ки роҳбарияти кишвари ҳамсоя ва мардуми он меҳмони олиқадрро бо риояи тамоми унсурҳои фарҳангии миллии меҳмондорӣ қабул намуданд ва аз ташрифи ӯ хеле шоду масрур буданд.
Чи тавре, ки Президенти кишвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми музокирот назди намояндагони васоити ахбори омма изҳор намуданд “Мулоқоту музокироти имрӯза дар фазои созанда ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию ҳамсоягии нек баргузор гардиданд”.
Дар музокира қайд карда шуд, ки дар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳама муҳим имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ мебошад.
Дигар масъалае, ки байни ду давлати ҳамсоя хеле муҳим арзёбӣ мешавад татбиқи амалии тадбирҳо доир ба таҳкими бахши тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, ки санади дахлдор вобаста ба масъалаи мазкур ба имзо расонида шуд.
Бо мақсади дар оянда боз ҳам фаъолтар гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар сатҳи сарвазирони кишварҳо таъсис дода мшавад. таъин менамоем.
Дар оянда ҳамкориҳои судманд дар соҳаи саноат, тиҷорати байнидавлатӣ, агросаноатӣ ва ғайра ҳамкориҳо ҷоннок карда хоҳанд шуд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои истифодабарии сарчашмаҳо ва захираҳои обӣ Комиссияи муштараки хоҷагии об таъсис дода мешавад.
Имзои созишнома дар масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия байни ду ҳамсоякишвар муҳим ҳисобида мешавад. Он албатта манфиати мутақобилан судманд дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ду кишвар хоҳад дошт.
Барои мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷониба ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин хатсайри автобусҳо, аз ҷумла байни минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Дар рафти гуфтушунид ба робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуданд, ки дар ин самт низ имкониятҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо хеле зиёданд.
Ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя доир ба масъалаи муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар густариш хоҳанд ёфт.
Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари давлатии Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расидани сарони ду кишвар оиди масъалаи ба имзо расидани пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ мебошад. Тибқи изҳороти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзои ин санад дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба нақша гирифта шуд.
Ба мақсади идомаи муколамаи созандаи байнидавлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожаевич Жапаров даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобии давлатӣ анҷом диҳанд.
Ин ҳама дастовардҳо байни ду давлати ҳамсоя аз фарҳанги баланди дипломатияи роҳбарияти кишварҳо ва рӯҳияи таърихии сулҳхоҳона ва меҳмондӯстонаи мардумони онҳо шаҳодат медиҳад.
Зимни ин сафар роҳбарони кишварҳо ба аҳамияти муносибати дӯстона ва натиҷаи самаранок барои рушду таҳкими ду кишвари ҳамсоя ва беҳбудии зиндагонии мардум диққати ҷиддӣ доданд.
Ба қавли Ҳофиз, ки мегӯяд:
Дарахти дўсти биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
д.и.т Азиззода З.А.
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб
Дирӯз пас аз барқарор гаштани муносибатҳои дуҷонибаи мардуми ду давлати ба ҳам ҳамсоя Тоҷикистону Қирғизистон шодию нишоти мардуми кишвари мо ва мардуми қирғиз беинтиҳо буд. Мардум чӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва чӣ дар сатҳи давлатӣ аз сулҳу оштию ҳамдигарфаҳмӣ истиқбол карданд.
Пеш аз ҳама хотиррасон бояд шуд, ки пас аз нохуб шудани муносибатҳои дипломатӣ ҷиҳати нофаҳмиҳои сарҳадӣ, ки бешак нақши кишвари мо мусбат буд, миёни ин ду кишвар рафтуомад канда шуда буд. Аз байн чаҳор сол гузашту на миёни чеҳраҳои дипломатӣ ва на мардум рафтуо набуд.
Билохира ба бахти мардуми ду кишвари ҳаммарз шахсияти ҷаҳондида, чеҳраи сулҳхоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи ғании сулҳофарӣ нахуст шуда дасти дӯстӣ сӯи мардуми Қирғизистон дароз карданд. Зимни сафари расмии худ рӯзи 13 марти соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон Пешвои миллат тантанаи дӯстию рафоқат, самимияту бародарӣ байни мову мардуми ҳамсоякишвар танинандоз гардониданд.
Тавре мушоҳида кардем, сарони ду давлат даст ба дасти ҳам дода, якдигарро оғӯш кашиданд ва ба муносибатҳои гарми дӯстонаю ибтидо гузоштанд. Натиҷаи сафар ҳамин буд, ки миёни вазорату кумитаҳои мамлакати мо ва вазорату кумитаҳои дахлдори ҳамсоякишвар16 санади нави ҳамкорӣ имзо расид. Ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ гардид.
Мардуми қирғиз низ ин лаҳзаро сахт муштоқ будаанд, аз ин рӯ онҳо Сарвари давлатро хеле ва хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ва ҳам баъди бозкушоии гузаргоҳҳо зану марду ҷавону кӯдак аз ду тараф канори ҳам истода ба рӯи якдигар оғӯш кушоданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо то имрӯз бо кишварҳои ҷаҳон мавқеи дӯстонаю сулҳҷӯёна доранд. Барқарор намудани дӯстию сулҳу ҳамкорӣ бо давлати ҳаммарзи Қирғизистон ҷузъи муҳими ҷонибдории сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати мост. Ба ҳамин монанд қаҳрамониҳо буд, ки Президенти моро мардуми ҷаҳон унвони "Миротворец" яъне сулҳофар додаанд. Ин дӯстии ба тозагӣ барқароршуда боварӣ дорем овозааш то баҳру бар рафта рсид. Бигзор риштаи дӯстии мардуми тоҷик ва қирғиз то абад поянда бошад.
Одиназода Латофат Амиршо-вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб