Фалсафаи зиндагии инсон чунин аст, вақте ки дар фазои орому осуда зисту зиндагонӣ менамояд, зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи давлату Ҳукумат қарор дорад кушиш менамояд, то саҳми арзандае дар ободии диёр гузошта бошад. Албатта ки ин ҳама талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар роҳи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз чашми сокинон дур намемонад ва раҳнамунсози онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ гардидааст.
Дар пайравӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зери роҳбарии гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад.
Сокинони маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Муассисаи давлатии назорати сектори хусусии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб имрӯз ба ҳашари умумӣ баромаданд. Зимни ҳашари мазкур 16 адад ҷуйборҳои бетонӣ шинонида шуд, ки дар оянда барои пешгирии офатҳои табиӣ ва нигаҳдории
роҳҳои дохили маҳалла мусоидат хоҳад кард. Дар оянда бунёди деворҳои муҳофизатӣ ва шинонидани зиёда аз 100 дона ҷуйборҳои бетонӣ дар назар аст.
Сокинони саодатманди шаҳри бостонии Кӯлоб тамоми саъйю талоши худро равона менамояд, то ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид соҳаи варзиш бахусус футбол рушду нумуъ ёфта, дар тамоми ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида истодааст, ки ин раванд дар солимии ҷомеа ба манфиат арзёбӣ карда мешавад.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии Футбол дар варзишгоҳи Аренаи шаҳри Кӯлоб фестивал баргузор карда шуд.
Дар ин тадбири варзишӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кормандони касбу кори гуногун инчунин дастаҳои футболбозони хурдсол, ки дар муассисаҳои давлатии мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб ба машқу тамрин машғуланд иштирок намуданд.
Дар қисмати тантанавии фестивал раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда иброз доштанд, ки ин пайки нек ки бо ибтикори бевоситаи Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ падид омадааст руҳияи кӯдакону наврасон ва ҳаводорону алоқамандони варзишро баланд бардошта, барои ҳарчӣ бештар ҷалб намудани қишрҳои гуногун ба ин намуди варзиш аҳамияти хоса дорад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфтани ин иқдом мояи ифтихору сарфарозии тоҷику Тоҷикистонӣ маънидод карда шуд.
Дар ин росто ҷиҳати беҳтару хубтар гардидани вазъи инфросохтори соҳаи варзиш дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таваҷҷуҳи хос равона мегардад. Бо зикри ин нуқтаҳо аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарон даъват ба амал оварда шуд, ки аз чунин имкониятҳои фароҳамгардида васеъ истифода намоянд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.
Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ дастаҳои футболбозони хурдсол бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
dv id="«r3ad»" ">"
dv id="«r7l6»" " " ">"
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷумлаи чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд. Дар ин доира бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя роҳу пул ва нақбҳо бунёду навсозӣ карда шуда, ҳаракати бемамонияти нақлиёт дар чор фасли сол таъмин карда шуд.
Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъмиру навсозии роҳҳо имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон чун дигар шаҳру ноҳияҳо бештар ба чашм мерасанд. Дар ин росто дар доираи омодагиҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб мумфаршкунии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб Амирхон Файзов роҳи мумфаршгардида масофаи 1300 метрро ташкил медиҳад. Роҳи мазкур, ки дар шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг-Балҷувон қарор дорад, аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.
Ҳоло бо ҷалби мутахассисони роҳсоз кор бо суръати баланд идома дошта, ният доранд, ки дар муҳлати муайянгардида корро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб